Предыдущая публикация
дор!"
Ёри маро ,хумори маро дар паноҳ дор!
Фарёди ман шуниду нигоҳе ба ман
накард,
Он ҳайкали виқори маро дар паноҳ
дор!
Чун ман шикастаболаму маҷрӯҳу
хастадил,
Сайёди ҷоншикори маро дар паноҳ
дор!
Гармӣ намондааст дар ин хонадони
ман,
Хуршеди шӯълабори маро дар паноҳ
дор!
Ман меравам чу захми ҷудоист дар
ҷигар,
Он доғи лолазори маро дар паноҳ дор!
Уммеди худ ба килки суханпеша
мебарам,
Килки гуҳарнисори маро дар паноҳ
дор!
БОНУ ШОКИРОВА
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев