Бе ту зистан номумкин аст, аммо ман зиндаам. Аммо ин ба ман хурсандӣ намеоварад. Вақт мисли қум аз миёни ангуштонам мегузарад. Ман туро хеле пазмон шудам, аммо сабр мекунам. Ғаму андӯҳ ба ҷонам торафт бештар медарояд, аммо боз ҳам ман зиндагӣ мекунам. Ба хотири оне, ки мегуфтӣ, ҳамеша шод бошам, пеш равам ва дар як ҷо қарор нагирам. Ёдат ҳаст, мегуфтӣ агар мабодо, ки афтидани шуди бидон, ки ман мисли сутун ҳамеша дар барат ҳастам. Аммо ту...
Дар хобам биё, бо ман гап зан. Рузе ман ҳам он ҷо хоҳам буд. Мехоҳам бидонам, ки оё маро интизорӣ ва мисли пештара дустам медорӣ? Агар чунин бошад ман аз ин дунё бе пушаймонӣ суи ту мешитобам. Дар хобам биё бо ман гап зан. Бигӯ, ки чаро ин қадар барвақт рафтӣ? Ин захмҳоро дар дилам монда, ту ҳоло чӣ гуна ситора медурахшӣ?
Ҳадди ақал он ҷо, маро ба оғуши худ бигир.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4