Шоир ва орифи фозил, донишманд ва фақеҳи тавоно Мавлоно Сайид Зуфархони Ҷавҳарӣ дар соли 1860 милодӣ дар гузари Намозгоҳи шаҳри Истаравшан дар хонаводае ба дунё омада, ки насл андар насл шоир ва адиб будаанд.
Сайид Зуфархон то даҳсолагӣ дар мактабхона ва низ дар маҳзари падари гиромияшон Сайид Маҳмудхони Назмӣ (1826-1890) (аз фуқаҳо ва шуъарои шинохта ва соҳибдевони замони худ) таҳсил дидааст. Баъд аз фавти падар, сафари Бухороро пеш мегирад ва дар мадрасаҳои ин шаҳр ба таҳсили дониш мепардозад. Эшон ба 25 солагӣ бо фунуни мантиқу фалсафа, адабиёт ва ҳикмат ва дигар улуми он замон ошно ва бад-онҳо тасаллут меёбад. Баъди хатми мадраса, ба зодгоҳи худ муроҷиат намуда ва то охири умр (16-феврали соли 1945) дар ҳамонҷо зиндагӣ мекунад).
Осори Зуфархон Ҷавҳарӣ бештар аз ғазалиёт, қасоид ва мухаммасот иборат буда ва дар маҳофили аҳли адаби Истаравшану Хуҷанд, Самарқанду Бухоро ва Ҳӯқанд сазовори таҳсину офарини бузургони он даврон будааст.
Устод Садриддин Айнӣ дар мавриди осори Зуфархон Ҷавҳарӣ менависад:“Аз шеърҳои Ҷавҳарӣ сарсарӣ гузаштан дуруст нест, мумо илайҳ шеърро бағоят устодона менигорад. Зотан Ҷавҳарӣ ба тарзи қадим аз устодони адаби ин давра аст…” (Садриддин Айнӣ, Намунаи адабиёти тоҷик, Москва, соли 1926).
Зуфархон Ҷавҳарӣ мироси гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштааст, вале то ба имрӯз онҳо ба таври комил ҷамъоварӣ ва чопу нашр нашудааст. Ду асари муҳимми шоир, ки ба зевари чоп ороста гардида ва ба дасти хонандагони тоҷик расидааст, иборатанд аз “Асарҳои мунтахаб”, шомили 104 ғалаз, чаҳор рубоӣ, ҳашт мухаммас ва чаҳор достон, ва дигар, “Девони Ҷавҳарӣ” шомили 161 ғазал, 17 рубоӣ, 14 мухаммас, 8 байт, 9 қасида, 27 номаи манзум, 2 марсия, 4 достон ва амсоли инҳо мебошад.
Дар кӯчаи Суҳайли 17 (гузари Намозгоҳ) соли 2013 осорхони шоир ифтитоҳ шудааст, ҳамакнун бештар аз 3500 китоб аз адибони классикиву муосири тоҷик, дастхатҳои Зуфархон Ҷавҳарӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 36