Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 107
Бо қудумат файз биёру дидаи намро бубар.
Бо ҳузури мақдамат ғамхонаро равшан бикун,
Файзи худ бинмо ба мо вабои оламро бубар.
Гарчи исёну хато роҳу равиши олам аст,
Таҳдиду ваҳми вабо ба сӯи ҷонамро бубар.
Мо агар чи ҷуз хато роҳи дигар нарафтаем,
Бинигар ба сӯи мо талхии комамро бубар.
Ҷисми беҷони ғарибонро ғариби хок кард,
Сӯи хоки миллатам ному нишонамро бубар.
Интизори рӯи мост модари зор ба оби чашм,
Ба ҳақи номи падар гармии норамро бубар.
Тифлакон ба чашми чор ба ёди дидори падар,
Бӯи зишту ноумедии машомамро бубар.
Ҷуз хӯру хоби ҳаёт кори дигар накардаем,
Аз дарахти зиндаги меваи хомамро бубар.
Ай Худованди кариму меҳрабону ло язол,
Ба ҳақи Қурони худ фазои фомамро бубар.