Предыдущая публикация
Ишқи туро ба қиммати ҷонам хариданист.
В-ин чашми интизор ба як иштиёқи том,
Рӯйи туро ки ҳеҷ надидаст, диданист.
Гӯше, ки беш таъну маломат шунидааст,
Боре садои фораму ҳарфат шуниданист.
В-аз дард ин димоғи нафасгиргаштаам,
Атру насими беҳ зи гулатро шамиданист.
Аз ин замин, ки қисмати моро бурида сохт,
Ин ҷони пуразоб худашро буриданист.
Он рӯзро, ки меравӣ аз қалби хастаам
Чашму равони Ҳотамӣ ҳаргиз надиданист.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2
Ишқи туро ба қиммати ҷонам хариданист.
Оҳанги дили шоир мешунавем,
Қиммати ҷрн бахши дили пурмеҳр аст на ҳар кас дорад .Аҳсан, гуворо, нозукадо сабз,саршори ишқу вафо,умеди фардо: " Он рӯзро,ки меравӣ аз қалби хастаам.
Чашму равони Ҳотамӣ ҳаргиз надиданист "- хуши ҳар кас меояд ба чунин гуфтор,зебогии сухан