Предыдущая публикация
То назм пойбарҷост, поянда аст Лоиқ.
То шеър маҳфилорост, поянда аст Лоиқ.
Аз ишқу аз муҳаббат то дар забони мардум
Як мисрае ҳувайдост, поянда аст Лоиқ.
Дасти дуои модар аз лутф баҳри фарзанд
То сӯи арш болост, поянда аст Лоиқ.
То вожаи ҳақиқат бо мазмуни баландаш
Дар зеҳни мардуми мост, поянда аст Лоиқ.
То синае ҷавон аст, то базми ошиқон аст,
То базми шеъри волост, поянда аст Лоиқ.
То дард мекунад дил, то зиндагист мушкил,
То шеър ҳарфи дилҳост, пояда аст Лоиқ.
То шамс нурбор аст, то дар замин баҳор аст,
То ахтаре муҷаллост, поянда аст Лоиқ.
Ҳаргиз намешавад дур аз зеҳни миллати хеш,
То тоҷике ба дунёст, поянда аст Лоиқ.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2
Давом диҳанд роҳи шеър,боз меоянд.