Предыдущая публикация
На танҳо ман, тану чашму дилам низ ошиқат бошад, Ба тан дарду ба чашм ашку ба дил озор мемирам. Парид аз дидаам хобу зи дил сабру қарорам рафт, Ба қалби беқарору дидаи бедор мемирам. Ба уммеде, ки меоӣ ту ногаҳ бар канори ман, Нишаста дар сари роҳат ба чашми чор мемирам. Туро ҳамчун даво дар дидаву дил ҷо намудам, лек. Кунун бо қалби решу дидаи хунбор мемирам. Намурдам аз ғаму дарде, ки буд андар ниҳоди ман, Вале аз ҷабри ёру таънаи ағёр мемирам. Биё, бо меҳри гармат лоақал як лаҳза шодам кун, Вагарна мани мискин аз ғами бисёр мемирам.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев