Предыдущая публикация
Ошиқ шудану дӯст доштан,
Дар роҳи муҳаббат пой ниҳодан.
Роҳе бошад фатҳу кушоиш,
Роҳи фараҳу дилситоиш.
Роҳе, ки бувад роҳи дилҳо,
Роҳи умеду ормонҳо.
Роҳе, ки бувад роҳи қисмат,
Раҳ гум накуни дар он ҳеҷ вақт.
Роҳе ки тай намудаи ту,
Роҳест ба сӯи иқболҳо.
Роҳе, ки тай намудаи ту,
Роҳест ба сӯи мақсудҳо.
Роҳе, ки бувад роҳи қисмат,
Раҳ гум накуни дар он ҳеҷ вақт.
Рӯзе бираси ба он маконат,
Бошад ҳама умр бахт ёрат.
Рӯзе бираси ба он ҷаҳонат,
Бошад ҳама умр шоди ёрат.
Роҳе, ки бувад роҳи қисмат,
Раҳ гум накуни дар он ҳеҷ вақт.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев