Предыдущая публикация
Барги таҳвил мекунад Рамазон,
Бори тавдеъ бар дили ихвон.
Ёр нодида сер, зуд бирафт,
Дер наншаст нозанин меҳмон.
Моҳи фархунда рӯй барпечид,
Ва алайк-ас-салом, ё Рамазон.
Алвидоъ, эй замони тоату хайр,
Маҷлиси зикру маҳфили «Қуръон».
Мӯҳри фармони эзидӣ бар лаб,
Нафс дар банду дев дар зиндон.
То дигар рӯза бо ҷаҳон ояд,
Пас бигардад ба гуна-гуна ҷаҳон.
Ё раб, он дам, ки дам фурӯ бандад,
Малакулмавти вокифи шайтон.
Кори ҷон пеши аҳли дил саҳл аст,
Ту нигаҳ дор ҷавҳари имон.
🏵️ 🌺 🥀 🌼 🌻 🌹 🍃 🍂 💮 🌿 🌸
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев