Эй кафи хок ба ин ҳастӣ таманно чӣ кунӣ,
Устухонтуда назар бар қаду боло чӣ кунӣ.
Чашми шаҳлои ту рузе, ки хурад мури лаҳад,
Бар рухи ойина ҳар лаҳза таманно чӣ кунӣ.
Аслат аз қатра манӣ, лоиқи ту нест манӣ,
Аз роҳи бавл шудӣ, кибру маниҳо чӣ кунӣ.
Ту ҳамон ҷийфа, ин ҳусну камоли ту аз уст,
Бош хоки дари У, майл ба боло чӣ кунӣ.
Лавҳи дил шуй зи ағёр, бикаш қомати ёр,
Варақи ишқи варо сарфи муаммо чӣ кунӣ.
Ишқ аз ошиқи содиқ дили шайдо талабад,
Дил ба дунёву ба cap тоқии шайдо чӣ кунӣ.
Ба дили мурда дами Исйӣ вақт дарёб,
Толиби дил нашавӣ, азми масеҳо чӣ кунӣ.
Кори фардо бикун зуд, ки фурсат гузарад,
Кори имрузи ту мавқуф ба фардо чӣ кунӣ.
Фониву боқӣ ду зид ҳамчу никоҳи хоҳарон,
Гар бақо металабӣ, майл ба дунё чӣ кунӣ.
Сайр дар олами лоҳут Ҷунунӣ дорад,
Солико, сайр ту дар арши муалло чӣ кунӣ.
📜 Маъдан-ул-ҳол
🌸 💮 🌿 🏵️ 🌷 🍃 🥀 🌺 🌱 🌻 🌼 🍂 🌹
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 15