Вақте фотиҳа кардем, бисёреро дидам, ки монанди у буд. Вақте издивоҷ кардем, хелеҳоро аз у зеботар дидам. Вақте, ки чанд сол бо ҳам зиндаги кардем, дарёфтам, ки тамоми занҳо аз ҳамсарам зеботар ҳастанд. Шайх гуфт: Оё дуст дори бидони, ки аз ҳаммаи инҳо талхтару ногуворотар чист? Гуфт: Оре. Шайх гуфт: Агар бо тамоми занҳои дунё издивоҷ куни, эҳсос хоҳи кард, ки сагҳои кучаи шумо аз онҳо зеботаранд. Мард хандиду пурсид: Чаро чунин мегуи? Шайх гуфт: Чун мушкил дар ҳамсари ту нест, мушкил инҷост, ки вақте инсон қалбу чашмони тамаъкор дорад, ва аз Худованд шарм надошта бошад, маҳол аст, ки чашмонашро ба ҷуз хоки гур чизи дигаре сер кунад. Оё дуст дори ҳамсарат дубора зеботарин зани дунё гардад? Мард гуфт: Оре. Гуфт: Чашмонатро муҳофизат кун! Аз занхои бегона.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев