Предыдущая публикация
, оҳ ба гӯшат нарасид.
Оҳи ҷонкоҳи писар оҳ ба гӯшат нарасид.
Гуфтам аз ҷабр шуд аз пайкари бечораи ман,
Ҷомаи пӯст бадар, оҳ ба гӯшат нарасид.
Чашми хунбастаи ту аз тани ман хун кай дид,
Гиря кардам чи қадар, оҳ ба гӯшат нарасид.
Модарам, пораи ҷонам, ҷигарам месӯзад,
Дар куҷоӣ, ки хабар оҳ ба гушат нарасид.
Гуфтам эй пушту панаҳ, эй падарам, мемирам,
Пушти овози мутар* оҳ ба гушат нарасид.
Гуфтамат собиқаи Рустаму Суҳроб бибин,
Кӯ дар ин ҷанг зафар? оҳ ба гӯшат нарасид.
Меҳровари Масчоҳӣ
*мутар-муҳарики мошин матор


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4
Дар набарди зиндагони бар падар бовар накун.