Шумо ғамгин аз он ҳастед, ки иродаатон сустӣ мекунаду шумо боз аз роҳи рост мелағжед. Аммо ҳатто дӯстони Худо аз худ боварӣ надоштанд, ки онҳо то мурданашон дар роҳи рост мемонанд ва фақат аз Худо илтиҷо мекарданд, ки онҳоро яке аз накӯкорон гардонад. Шумо ҳам аз онҳо ибрат гирифта, ба Аллоҳи мутаъол дуо кунед, ки гуноҳони шуморо мағфират кунад ва шуморо дар роҳи рост нигоҳ дорад ва пас аз ин аз ҷой бархоста амал кунед. Иншоаллоҳ Худои бузурги меҳрубон ба шумо мадад мерасонад, зеро шумо аз корҳои нопоки худ ғамгин гаштанатон аз он далолат мекунад, ки дар қалби шумо ҳанӯз меҳру ишқу тарс ба Аллоҳ вуҷуд дорад ва ин худ неъмати гаронбаҳост. Акнун мо барои шумо як ҳикоёт дар баёни қабули тавба м