Яке аз неъматҳои бузурги ин дунё китоб аст, ки бо фоидабахшиҳои он метавон ниҳоли ақлро сабзонид ва аз он ғаниматҳои зиёдро бардошт. Китоб дӯстест, ки аз ҳамнишинӣ бо тарк ва ё ҳазар намекунад ва рафиқест, ки малол намеояд ва муомилаест, ки туро фиреб намедиҳад.
Китоб чизест, ки ҳар қадар назар кунӣ малакаат зиёду табъат шод ва уқдаи забон кушода мешавад. Ва ба ту таъзими мардум ва садоқати мулукро медиҳад. Бидон, ки аз он метавонӣ дар як моҳ ҳикматҳоеро бардошт, ки аз даҳони олимон як сол ҳам ҷамъ карда натавонӣ.
Бемашаққаттарин дарёфт беҳтар аз касб кардан, мутолиаи китоб аст, ки дар ҳузури Худованд беҳтарин хул қаст. Китоб итоъаткунандаи ту аст, ки шабу рӯз дар хидмати туст. Ҳатто дар с