Қарни XXI баҳри пешрафти илм ва техникаву технологияи муосир шароити мусоид муҳайё намуд. Дар натиҷаи рушди техника, кашфиётҳои илмию техникӣ ва истифодаи босуръати захираи сарватҳои табиӣ истеҳсолоти ҷаҳонӣ дар ҳама соҳаҳо рӯ ба афзоиш овард.
Бинобар ин асри XXI - ро асри пешрафти илмию техникй ҳам меноманд, зеро дар ин аср кашфиётҳои муҳимтарини илмию техникй ба вуҷуд омадааст. Дар ин давра хусусан роҳи таьлим дар мактабҳои олй ба сатҳи баланд расид. Аз як тараф мутахассис бояд пешаи хеш, яъне касби интихобкардаи худро нағз омӯзад ва аз комёбиҳои техникаи соҳаҳои гуногуни фаъолиятнок бохабар бошад. Аз тарафи дигар мутахассис набояд танҳо технократ бошад, вай бояд инчунин ҷаҳонбинии васеъ дошта, аз одобу фарҳанг бархурдор бошад. Бесабаб нагуфтаанд, ки «Олим шудан осон, одам шудан душвор». Дар ин давра мутахассис бояд ҳам назарияю ҳам амалияи ихтисоси худро ба хубй донад ва ҳам бояд аз таъриху фалсафа ва сиёсатмадорй огоҳӣ дошта, шахси ҳаматарафа донишманд, ғамхору нафърасони мардум ва инсонпарвар бошад.
Фарҳанг, шакли махсуси дониш инъикоскунандаи рӯҳияи миллӣ мебошад. Маҳз дар фарҳанг хиради беназири халқ, тасаввуроти он оид ба инсон, тақдири худ ва имрӯзу фардои он муқаррар карда мешаванд.
Чй хеле ки шоирон дар васфи одамият ва инсони комил гуфтаанд:
Одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад,
Шамъ агар оташ набинад, аз куҷо раешан шавад.
(Саъдии Шерозӣ).
Ҳеҷ шакле бе ҳаюлло қобили сурат набуд,
Одамӣ ҳам пеш аз он к-одам шавад, бӯзина буд.
(Бедил).
Шакку шубҳае нест, ки техника ва дастовардҳои техникии инсоният дар ташаккули маданият нақши муҳиме мегузоранд.
Бояд гуфт, ки инқилоби илмӣ, техникӣ дар нимаи 2-юми асри XX сурат гирифта буд, ки моҳияти он аз як зумра кашфиётҳо иборат буд. Компютер, нерӯи атом, ракетаҳои кайҳонӣ, лазер, биотехнология ва гайраҳо, ки дар инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда табадуллоти бузурги технологӣ ба вуҷуд овард, барои оғози давраи нави технологии таърихи умумибашарӣ замина муҳайё сохт. Самти асосии давраи инқилоби илми-техникиро микроэлектроника, асбобсозй, техникаи роботй, биотехнология, информатика, нерӯи атомию саноати кайҳонӣ ва ғайраҳо муайян мекунанд. Дастовардҳои илмию техникй барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар давраҳои муайяни техникӣ, коркарди истеҳсолот ва пешрафти иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Аз комёбиҳои илмӣ-техникӣ сӯистеьмол намудан, ҷилавгирӣ карда натавонистани оқибатҳои манфии инқилоби илмӣ-техникӣ ногузир ба гирдоби фалокати термоядрой, экологӣ ва иҷтимой оварда мерасонад. Масьалаҳои муштараки муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо: Тантанаи имкониятҳои беҳудуди эҷодиёти инсон дар давраи Таҷаддуд намоён мешавад. Эҷодиёт пеш аз ҳама, дар давраи муосир ҳамчун эҷоди бадеӣ дарк карда мешавад. Яке аз кашфиётҳои асосии илми муосир фарзия (консепсия)-мебошад.
Ин системаро ҳамкории одаму табиат, тарафи айнӣ дарку сарфаҳмравй ва тарафи зеҳнӣ ташкил медиҳад. Ин ба маърифатнокии фаъолияти ҷамъият алоқамандӣ дорад. Маърифат раванди фаъолиятҳои зеҳнии таърихан тибқи ниёзҳои худшиносӣ ва ҷаҳоншиносии инсон ташаккул ёфтааст.
Ба шинохти назарй ва амалии ҳастӣ нигаронида шудааст, ки мо дар охир аз сохтори раванди маърифати инсонӣ ва мушкилиҳои глобалии замони ҳозира (муосир) ёдрас мешавем.
Ташаккулёбии маърифат ва ҷаҳонбинӣ раванди мураккабу бисёрҷабҳа мебошад, дар ин бора Фридрих Энгельс дар вақташ дуруст гуфта буд: Вақтҳое буд, ки одамон натиҷаи хоби худро гуфта наметавонистанд, вале бо мурури тараққиёту ташаккулёбии тафаккури ҷамъиятӣ одамон донишҳоро андӯхта ин ва дигар ҳодисаҳоро маънидод карданд ва фаҳмиданд. Ногуфта намонад:
Дар замони пешрафти илму техника тарбияи кадрҳои баландихтисос ва дорои донишҳои замонавӣ заруру ҳатмист.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1