Ман мондаам махчур аз у, бечораву ранчур аз у, Гуи, ки неше дур аз у, дар устухонам меравад. Гуфтам ба найрангу фусун пинхон кунам рози дарун, Пинхон намемонад, ки хун бар остонам меравад. Махмил бидор, эй сорбон, тунди макун бо корвон, К-аз ишки он сарви равон, гуи, равонам меравад. У меравад доманкашон, ман захри танхои чашон, Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад. Баргашт ери саркашам, бигзошт айши нохушам Чун мичмаре пуроташам, к - аз сар духонам меравад. Бо он хама бедоди у в - ин ахди бебунеди у, Дар сина дорам еди у е бар забонам меравад. Боз ою дар чашмам нишин, эй дилситони нозанин, К - ошубу фаръед аз замин бар осмонам меравад. Шаб то сахар менагнавам в-андарзи кас мешунавам, В - ин рах на косид меравам, к-аз каф инонам меравад. Гуфтам: бигирям, то ибил чун хар фуру монад ба гил, В - ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад. Сабр аз висоли ери ман, баргаштан аз дилдори ман, Гарчи набошад кори ман, хам кор аз онам меравад.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев