Дар адабиёти форсӣ ҷашни Наврӯзро монанди бисёре дигар аз ойинҳо, расмҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳо ба нахустин подшоҳон нисбат медиҳанд. Шоирон ва нависандагони қарни чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрӣ, чун Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Унсурӣ, Берунӣ, Табарӣ, Масъудӣ, Мискивия ва бисёре дигар, ки манбаъи таърихӣ ва устураҳои онон бегумон адабиёти пеш аз ислом буда, Наврӯз ва баргузории ҷашни Наврӯзро аз замони подшоҳии Ҷамшед медонанд, ки танҳо ба чанд намуна ва мавриди ин ишора мешавад:
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй,
Аз он бар шуда фараҳбахт ӯй.
Ба Ҷамшед бар гуҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нави Ҳурмуз Фарвардин,
Бар осуда аз ранҷи тан, дил зи кин.
Ба Наврӯзи нав шоҳи гетифурӯз,
Бар он тахт биншаст фирӯзрӯз.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Майю рӯду ромишгарон хостанд.
Муҳаммад бини Ҷарири Табарӣ Наврӯзро сароғози додгарии Ҷамшед дониста:
"Ҷамшед уламоро фармуд, ки он рӯз, ки ман ба тахт биншастам, шумо назди ман бошед, то ҳар чи дар ӯ доду адл бошад, бинмоед, то ман он кунам. Ва он рӯз, ки ба мазолим нишастам, рӯзи Ҳурмуз буд аз моҳи Фарвардин. Пас он рӯз расм карданд".
Абурайҳони Берунӣ парвоз кардани Ҷамшедро оғози ҷашни Наврӯз медонад: "Чун Ҷамшед барои худ гардуна бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷинну шаётин ӯро дар ҳаво ҳамл карданд ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр ба шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифта ва барои ёдбуди он рӯз тоб менишинанд ва тоб мехӯранд.
Ба навиштаи Гардезӣ Ҷамшед ҷашни Наврӯзро ба шукронаи ин, ки худованд "гармо ва сармо ва беморию маргро аз мардумон гирифт ва сесад сол бар ин ҷумла буд" баргузор кард ва ҳам дар ин рӯз буд, ки "Ҷамшед бар гӯсолае нишаст ва ба сӯи ҷануб рафт ба ҳарби девону саёҳон ва бо эшон ҳарб кард ва ҳамаро мақҳур кард".
Ва саранҷом Хаём менависад, ки Ҷамшед ба муносибати боз омадани Хуршед ба бурҷи Ҳамал Наврӯзро ҷашн гирифт: "Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки Офтобро ду давр буд, яке он ки ҳар се саду шасту панҷ шабонрӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз омад ва ба ҳамон рӯз, ки рафта буд бадин дақиқа натвонад аз омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад; ва чун Ҷамшед он рӯз дарёфт онро Наврӯз ном ниҳод ва ҷашну ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад - ӯ иқтидо карданд.
Дархӯри ёдоварист, ки ҷашни Наврӯз пеш аз Ҷамшед низ баргузор мешуда ва Абурайҳон низ бо он ки ҷашнро ба Ҷамшед мансуб мекунад, ёдовар мешавад, ки "он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт; агар чи пеш аз он ҳам Наврӯз бузург ва муъаззам буд".
Садриддин Айнӣ дар бораи баргузории ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ва Бухоро менависад: "…Ба сабаби аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани растаниҳо, рост омадани ин ид, табиъати инсон низ ба ҳаракат меояд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон мегӯянд: "Ҳамал ҳама чиз дар амал". Дар ҳақиқат ин ид ба ҳаракат омадани киштҳои ғалладона ва сар шудани кишту кор ва дигар ҳосилоти заминӣ аст, ки инсонро сер карда ва сабаби бақои ҳаёти ӯ мешавад". Вай дар ҷойи дигар мегӯяд: "Дар Бухоро Наврӯзро, ки иди миллии умуми форсизабонон аст, бисёр ҳурмат мекарданд. Ҳатто муллои динӣ ба ин ид, ки пеш аз исломият одати миллӣ буда, баъд аз мусалмон шудан мардум ҳам ин идро тарк накарда буданд, ранги дини исломӣ дода, аз вай фоида мебурданд. Аз оятҳои Қуръон ҳафт салом навишта, ба "ғулунги об", ки хӯрдани вай дар Наврӯз аз одатҳои миллии пештара буда, тар карда мехӯрданд. Вале баргузории шукӯҳманд ва боварманд ва ҳамагонии ин ҷашн дар дастгоҳҳи ҳукуматӣ ва созмонҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ ва дар байни ҳама қишрҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ бегумон аз вижагиҳои Иронзамин аст, ки бо вуҷуди ҷангу ситезҳо, шикастҳо ва дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, эътиқодӣ, илмӣ ва фаннӣ аз рӯзгорони кӯҳан по бар ҷо монда ва афзун бар он ба ҷомеъаҳо ва фарҳангҳои дигар низ роҳ ёфтааст. Ва дар мақоми муқоиса имрӯз ҷомеъа ва кишвареро бо ҷашну ойини чандинрӯзае, ки чунин ҳамагонӣ ва мавриди эҳтиром ва бовари хосу ом, фақиру ғанӣ, кӯчаку бузург ва билохира шаҳрию рустоӣ ва ашоирӣ бошад, суроғ надорем.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев