Муборак бод! Хушо ба холат, ки расидан ба мохи Рамазон насибат мегардад. Мохи баракат, саодат, шарофат, омурзиши гунохон, маглубияти шайтону тарбияи нафс. Аз Рамазони гузашта то имсол даххо ва садхо нафар орзуи дидори чехраи нуронии ин мохро доштанд, вале афсус, ки пайки ачал барояшон фурсат надод. Худованд бори дигар барои ту дархои фазлу рахматашро боз намуд, то ба у наздиктар шави, агар хато ва гунохе аз ту сар зада бошад, аз кардахоят пушаймон гашта тавба куни ва ба суйи Худованд баргарди ва барои гунохоят ашки надомат бирези. Инак мохи шарифи Рамазон фаро мерасад. Гузашти хар сония ва хар нафаси ману ту моро ба ин мохи пурбаракат наздик мегардонад. Рамазон ба истикболи ману ту давон-давон меояд, пас оё мо хам барои истикболи он омода хастем?! Барои истифодаи комил аз ин мох бояд якатор вазифахоро кабл аз вуруди Рамазон ичро намоем, то аз фазилатхои ин мох бахравар гардем ва баъди ба итмом расидани он бо неруи бузург ба зиндагии минбаъда кадам гузорем. <<<< Хадафи руза >>>> Хадафи асосии фарз гаштани руза дар ин мох ин таквову пархезкори аст. Аллох таъоло дар ин маврид таъкид кардааст: Эй муъминон, рузаи мохи Рамазон бароятон фарз гардонида шуд, хамон тавре ки барои умматони пеш аз шумо фарз буд, то (ба ин восита) ботакво шавед. (Бакара 183) Дини мубини Ислом пайравони худро хамеша ба покдомани ва такво даъват карда, аз хама гуна ахлоки разила ва амалхои накухида манъ мекунад. Имруза бузургтарин хидмати ману ту, ин дури чустан аз маъсият мебошад. Ин фурсати тиллоиро аз даст мадех! Имом Газоли рузаро ба се навъ таксим кардааст: 1.Рузаи Ом. 2.Рузаи Хос. 3.Рузаи Бандагони хоси илохи. Рузаи Ом, ин дури чустан аз хурдан, нушидан ва хамбистари бо хамсар аз субх то шом аст. Рузаи Хос нигох доштани хама аъзои бадан аз маъсияту нофармони ва рузаи бандагони хоси илохи, нигох доштани калб аз фикру зикри дунё ва андешахои гайрихудои мебошад. Рузаи Бандагони хоси илохи бо андешидан дар мавриди гайри камолу чамоли илохи фосид мешавад. Пас, эй бародару хохари гироми, кушиш кун, то дар мохи Рамазон нуктахои зеринро риоя намои: 1. Чашматро аз нигохи номахрам бибанд, зеро он тири захролуди шайтон аст, ки ба хар касе бирасад халокаш мекунад. 2. Забонатро аз тухмату дуругу гайбату суханчиниву бадзабониву бехудагуи нигох дор. Онро ба зикри Худо ва тиловати Куръон машгул бисоз. Зеро Суфёни Саври (р) гуфтааст: << Гайбат рузаро фосид мекунад >>. Бале гайбату дашному тухмат ва дигар гунохоне, ки аз тарики забон содир мешаванд, рузаатро халалдор сохта, савобу камолашро аз байн мебарад. 3. Гушатро аз шунидани суханони бад нигох дор. 4. Хама аъзои баданатро аз маъсият дур дор. 5. Кушиш кун, то хангоми ифтор аз хад зиёд нахури, зеро он сабаби сусти ва танбали дар ибодат мешавад. 6. Баъд аз ифтор худро миёни тарсу умедвори нигох бидор. Ба амалхои неки хеш фирефта машав ва хама корхои хубатро махз аз туфайли рахмати илохи бидон. <<< Рамазон мадрасаи сабр>>> Зиндаги пайваста якранг нест, гох сериву гох гуруснаги, баъзан шодиву гам, ахёнаи хандаву гохо гиря аст. Ин фалсафаи хаёт мебошад. Бародар ва хохари гироми, инак фарорасии мохи шарифи Рамазон наздик аст, кушиш кун, то аз ин мохи муборак дарсхои сабру бурдбори биомузи. Нагуфтам, руза бисёре напояд, Риёзат бигзарад, сахти- сар ояд. Пас аз душвори осонист ночор, Валекин одамиро сабр бояд. (Саъди Шерози) Бори дигар фаросаси мохи Рамазонро барои шумо ва хама ахли хонаводаву хешу таборон табрик мегуйем ва умедворем, ки тавсияхои бародаронаи моро ба чону дил пазируфта, барои амали намуданашон саъю кушиш мекунед. Салому дуруд ба рузадорони ин мохи муборак! Мохи шарифи Рамазон омад аз суи Бихшт, Омад ба машоми муъминон буи Бихишт. Хар кас дар ин мох дил розои кард, Не руйи Бихшт бинаду не буи Бихишт. Тахиякунанда: Икромчони Зоирхон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев