[7]
31 - ﺃُﻫْﻠِﮑَﺖْ ﻋَﺎﺩٌ ﺑِﺎﻟﺪَّﺑُﻮﺭِ
(Уҳликат Ъодун бид-Дабур)
«Қавми Ъод бо Дабур - шамоле, ки аз мағриб мевазад, ҳалок шуданд!»¹
* * * * *
32 - ﻟَﻘِّﻨُﻮﺍ ﻣَﻮْﺗَﺎﮐُﻢْ ﻟَﺎ ﺇِﻟَﻪَ ﺇِﻟَّﺎ ﺍﻟﻠَّﻪُ
(Лаққинӯ мавтокум "Ло илоҳа иллаллоҳ")
«Ба мурдагонатон "Ло илоҳа иллаллоҳ" - ро талқин кунед!»²
* * * * *
33 - ﺍﻟﺼَّﺒْﺮُ ﻋِﻨْﺪَ ﺍﻟﺼَّﺪْﻣَﺔِ ﺍﻟْﺄُﻭﻟَﻰ
(Ас-сабру ъиндас-садматил ӯло)
«Сабр он аст, ки дар ибтидои мусибат бошад!»³
* * * * *
34 - ﻟَﺎ ﺗُﻠْﺤِﻔُﻮﺍ ﻓِﯽ ﺍﻟْﻤَﺴْﺄَﻟَﺔِ
(Ло тулҳифӯ фил-масъалати)
«Дар гадоӣ пофишорӣ нанамоед!»⁴
* * * * *
35 - ﻟَﯿْﺲَ ﺍﻟْﻐِﻨَﻰ ﻋَﻦْ ﮐَﺜْﺮَﺓِ ﺍﻟْﻌَﺮَﺽِ
(Лайсал-ғино ъан касратил-ъарази)
«Сарватманд будан ба доштани молу колои зиёд нест!»⑤
—————————————————————
¹ Дабур аз Сабо (шамоле, ки аз машриқ мевазад) шадидтар аст. Чун Аллоҳи азимушшаън раъфат ва меҳрубонии Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи васаллам ва умеди он ҳазратро бар ислом овардани қавмаш медонист, лашкари Қурайшу ҳампаймононашонро дар ҷанги Аҳзоб бо шамоли Сабо шикаст дод.
² Ба онҳое, ки дар ҳолати марг қарор доранд, талқин (ёд додани) "Ло илоҳа иллаллоҳ" мустаҳаб аст, зеро Муъоз ибни Ҷабал разияллоҳу ъанҳу аз Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи васаллам ривоят мекунад, ки:
ﻭﻋَﻦْ ﻣُﻌَﺎﺫِ ﺑْﻦِ ﺟَﺒَﻞٍ ﺭﺿﻲ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻨﻪ ﻗَﺎﻝَ : ﺳَﻤِﻌْﺖُ ﺭَﺳُﻮﻝَ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ ﻳَﻘُﻮﻝُ :
« ﻣَﻦْ ﻛَﺎﻥَ ﺁﺧِﺮُ ﻛَﻼﻣِﻪِ ﻻ ﺇِﻟَﻪَ ﺇِﻻ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻭَﺟَﺒَﺖْ ﻟَﻪُ ﺍﻟْﺠَﻨَّﺔُ »
«Касе, ки охирин суханаш "Ло илоҳа иллаллоҳ" бошад, Биҳишт бар вай воҷиб мегардад!»
("Муснад" - и имом Аҳмад раҳимаҳуллоҳ, ҳадиси 21529, "Сунан" - и Абудовуд 3116)
³ Яъне, сабре, ки дар он аҷру савоб ҳосил мешавад, сабрест, ки дар аввалу ибтидои мусибат: вафоти шахси наздик, беморӣ, ё зарари ногаҳоние, ки ба шахс ворид мегардад... бошад ва дар ҳамаи ин мусибатҳо доду фарёд накунад, суханҳои бадро ба забон наорад, бар сару рӯяш назанад, либосашро пора накунад, рӯяшро нахарошад ва он корҳоеро, ки дар аввали мусибат одатан анҷом медиҳанд, накунад, бар ӯ савоб навишта хоҳад шуд.
Аммо агар аъмоли ношоистаро дар ибтидои мусибат анҷом диҳаду сипас сабр кунад, фоидае надорад.
⁴ Яъне бидуни зарурат, бо ҳар далелу баҳона моли мардумро бо роҳи талбидан ба даст овардан ҷоиз нест.Фақат дар ҳолати зарурат талбидан ҷоиз аст, дар ғайри ин сурат ҳаром аст. Ҳамчунин талбидан аз мардум ба хотири мусобиқа дар молдорӣ бо дигарон ҷоиз нест.
⑤ Яъне боигарии ҳақиқӣ ба мол нест! Балки сарватмандӣ дар тарки ҳирсу тамаъ ва қаноат аст.
Мақсад аз "ъараз" - моли ғайринақдист, мисли зироат, чорпоён, аспу дигар ҳайвоноти саворӣ ва ғайра.
Чи зиёданд касоне, ки милёнҳо пул доранду тамоми саъю талошашон барои афзун кардани сармояашон аст ё ба қавле аз милёнер ба милёрдер табдил шудан мехоҳанд. Пас чӣ тавр касе, ки шабу рӯз гирифтори ин эҳсоси серинопазири ҳирсу тамаъ аст, сарватманд номида шавад?!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев