Рафтам ба сӯи бӯстон гулҳо шукуфта дидам, Аз ҷониби гулистон бӯи Муҳаммад омад. Ҳар субҳи дам бинолам дар хонақоҳу масҷид, Аз оҳи субҳхезон бӯи Муҳаммад омад. «Ваш-Шамс» васфи рӯят, «Вал-Лайл» наъти муят, Аз сураҳои Қуръон бӯи Муҳаммад омад. «То хо» бихону «Ё син» в-он гаҳ бигӯй омин, Аз зикри исми Раҳмон бӯи Муҳаммад омад. Ин ҳашт дар кушода дар интизори Ҳазрат, Аз боргоҳи Ризвон бӯи Муҳаммад омад. Шукри Худо хазорон, чандин хазор борон, Аз мулкати Бадахшон бӯи Мухаммад омад. Туфони Карбалоро гарди Ҳусайн дидам. Аз нолаи Имомон бӯи Муҳаммад омад. Имло, бизан ту худро дар суҳбати ғарибон, Аз суҳбати ғарибон бӯи Муҳаммад омад. РӮЗИ МАВЛУДИ ПАЁМБАРАМОН МУҲАММАД (Салла-л-ЛОҲУ ЪАЛАЙҲИ ва ОЛИҲИ ва АСҲОБИҲИ АҶМАЪИН) МУБОРАК ДУСТОНУ ҲАМВАТАНОН АЛЛОҲУММА САЛЛИ ЪАЛО МУҲАММАД ВА ЪАЛО ОЛИ МУҲАММАД (с)


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев