Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатӣ ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ, шуҷоатмандӣ, неру, иқтидору тавоноӣ ва ормонҳои миллӣ буда, муаррифгари миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба ҷаҳониён аст.
Парчами миллӣ рамзи худшиносии миллӣ, ғурури миллӣ, ғайрати миллӣ, шарафи миллӣ ва нангу номуси миллист, ки тоҷикони тоҷ бар сар зери он ба ҳам омада, давлати куҳанбунёду аз ниёгон ба мерос гирифтаи худро дубора эҳё намуданд, сохтанд, бунёд карданд, обод карданд ва имрӯз устувор ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мезананд.
Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати Тоҷикистони соҳибистиқлол, бузургии миллати тоҷик ва ватандории тоҷикро ба аҳли башар инъикос намуда, мақому мавқею мартабаи баландеро дар рӯи Замин касб кард.
Парчами мо, муқаддасоти мост, ки ормонҳои чандинҳазорсолаи ин миллати бузургро дар худ таҷассум карда, шарафу нанги тоҷикро ҳифз намуд.
Арҷгузорӣ ба Парчам маънии баробари арҷгузорӣ ба модару Ватанро дорад ва дифоъ аз Парчам, баланд бардоштани он дар олам ва эҳтироми амиқ ба ҷо овардан ба Парчам ҳамчун рамзи давлативу муқаддасоти миллӣ қарзи виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост.
Парчами давлатӣ ҷузъи ҷудонопазири муқаддасоти давлати навини тоҷикон буда, ифтихори насли имрӯз ва ояндаи Тоҷикистони азизу бузурги ҳамаи мост! Парчами миллӣ ифтихору шарафи мост!
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон то абад дар олам парфишон бошад ва халқи сарбаланду шарафманди тоҷик зери ин Ливои пуршараф муттаҳид гардида, ба дастовардҳои бузургтаре ноил гардад!
Таманнои онро дорам, ки ҳар як фарди тоҷик ҳамеша рӯсурху сафедбахту сарсабз ва тоҷ бар сар бошад!
РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!🎆

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1