Гӯш кун ҳарфи диламро,ту кунун доно шудӣ?
Як замон кӯре будӣ, имрӯз агар бино шудӣ.
Ман калон кардам туро бо сад умеду орзу,
Чун калон гашти дигар беёду бепарво шудӣ.
Киштии одобу ақл додам, ки аз дарё гузар,
Худсари карди чу Қанъон,ғарқ дар дарё шудӣ.
Эй басо хостам,ки боши соҳиби номи баланд,
Оҳу афсӯс мехурам,ки соҳиби дунё шудӣ.
Гуфта будам мешави асои дасти пириям,
Водареғо,баъди маргам дар сарам асо шудӣ.
Ҳеҷ падар асло намехоҳад бинад ранҷи писар,
Эй писар гӯшам накардӣ оқибат расво шудӣ.
Бо ҳама беақлиҳоят ман дуогӯи туам,
З-ин,ки ту аз хуни ҷонам дар ҷаҳон пайдо шудӣ.
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 16
Беҳтарини беҳтарин мавзӯъро пеш гирифтаед,
Фарзанди хунар зинда кунад номи Падар...
Бехтарин суханхоро руи авроки сафед навиштед устод !Бигзор Падарони мову шумо аз мо фарзандони- ,,донои беакл" рози бошанд...
Чу Қанъонро табиат беҳунар буд,
Паямбарзодагӣ кардаш наафзуд.
Албата мо ҳамеша эҳтироми волидайнро ба ҷой оварем то саодати дунёву охиратро дарёбем:
Писареро падар васият кард,
К-эй ҷавонмард ёдгир ин панд.
Ҳар ки бо аҳли худ вафо накард,
Нашавад дӯстрӯю давлатманд.
Эй писар хеч надодам ба ту ман,
На Зару Симу на колину на мол.
Бахри инсон зи хама ширин аст,
Мехнати поку лаби нони халол.
Писарро накӯ гуфт шоҳи Яман,
Макун бад,ки бад бозгардад ба ман.
Дошт фарзанде гиребонгир шуд.
Гашт гирёну бигуфт онгах падар.
Бо падар кардем дидем аз писар!
Азизони дил кадри волидайнро бидонед, зеро фардо аз фарзандхои худ нанолед!!!