Чун бар қабр ворид шавӣ малакул мавт гуяд; эй фарзанди Одам, куҷост гуши ту, ки бишунавӣ? Куҷост чашми ту, ки бубинӣ? Забонат, ки забондарозӣ кунӣ? Молу дороии ту чи шуд? Ту дунёро ҷамъ кардӣ, ё дунё туро ҷамъ кард? Ту дунёро тарк кардӣ, ё дунё туро тарк кард? Аз хок баланд шудӣ ва ба хок баргаштӣ. Бегуноҳ таваллуд шудӣ ва бо бори гуноҳ мурдӣ. Заифу нотавону гирён ворид шудӣ, бо такаббуру ғурур аз дунё рафтӣ. Ин марг аст нобудкунандаи лаззатҳо, парокандакунандаи ҷамоатҳо, ятимкунандаи духтарону писарон, рузи фироқу ҷудоӣ, рузи фарёду сукут, рузи гиряи гирякунандагон ва шодии шодикунандагон, рузи иқобу азоб, рузи подошу ҷазо, рузи ҳисоб, рузи сахттарин аҳвол, халосӣ ё иқоб, рузи пора шудани ҷигарҳо, рузи наҷот ё гирифторӣ,,, чи рузест, рузи мурдан!? Бикуш, ки роҳ тулонӣ ва душманон зиёданд ва дустон кам. Рузе, ки тумори амалҳо печида шавад ва мизон насб ва пули сирот лағжанда шавад ва бадбахт он, кӣ ин рузро фаромуш кунад ва бар гуноҳон исрор варзад ва фаромуш кунад, ки дар дорулимтиҳон аст ва замоне ба ҳуш ояд, ки дагар дер шуда ва узрҳо напазиранд. ( аз ХУДО гофил мабош)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3