-Оё суфиҳо гумроҳ ва мушрик ҳастанд? -Тасаввуф яъне чи? -Суфӣ гуфта киро мегӯянд? -Оё суфиҳо бидъаткор ҳастанд? -Асли тасаввуф аз куҷо ҳаст? -Оё имом Абӯҳанифа ва дигар уламо суфӣ буданд? -Байъат дар тасаввуф - оё далиле дорад? -Аввалин маротиба киро суфӣ гуфтаанд? -Оё уламои аҳли суннат дар мавриди тасаввуф китоби махсусе навиштаанд? 👉Ҷавоби ин саволҳоро аз инҷо 👇пайдо хоҳед кард: Алҳамдулиллоҳи ваҳдаҳ вас-салоту вас-салому ало ман ло набийя баъдаҳ: Албатта имрӯзҳо дар мавриди тасаввуф ва суфи бисёр баҳсу мунозараҳои зиёд дида мешавад ва ингуна саволҳо дар зеҳни ҷомеи хусусан қишри ҷавоно бисёр давр мезанад ва имрӯз аҳли тасаввуф ва суфи воқеан мазлум воқеъ шудааст кам касе дида мешавад, ки аз тасаввуф, ва суфӣ ба неки ёд кунад, балки кор баҷое расидааст ки баъзе вақоҳат ва бадбинӣ ба тасаввуфро ба ҳадде расонидаанд, ки онро ба сифоти замима(бад) ва зишт тавсиф ва муаррифи мекунанд, ва мегуянд: фалони марди бад аст ва мавриди эътимод нест чаро? Чунки ӯ суфӣ аст, бисёр ҷои тааҷҷуб ва дардовар инҷост ки ин шахсоне(ҷоҳилоне) ки мухолифи тасаввуф ҳастанд тасаввуфро танқид менамоянд ва бо аҳли тасаввуф муҳориба(ҷанг) ва душмани барқарор мекунанд, тасаввуфро чунон мавриди ҳуҷум ва ҳамла қарор медиҳанд, ки бо ҳеҷ душмане (ҳатто бо яҳуду насоро) чунин рафтору душмани намекунанд, вале вақте пушти мизи хитоба(даъват) ё курсии дарс менишинанд шарм намекунанд ва ҳаё надоранд ва бо даҳони пур мегуянд: ҷунайди бағдоди ривоят кардааст......, ҳасани басрӣ гуфтааст, маъруфи кархӣ гуфтааст, имом суютӣ ривоят кардааст, имом қушайрӣ гуфтааст, имом шаъронӣ, имом нававӣ, имом ибни ҳаҷари асқалонӣ гуфтааст, имом ғаззоли гуфтааст, саҳли тустарӣ, маҳосибӣ ва ғайра гуфтаанд магар инҳо пешвоёни тасаввуф набуданд? Китобҳои тасаввуф пур аз ақволу ахбор ва маноқибу авсофу раҳнмоиҳои онҳост, намедонам инқадар бадбини бо аҳли тасавву ба чи хотир аст. Аз ин хотир лозим донситам дар мавриди "Тасаввуф ва суфӣ" аз нигоҳи уламо чанд нуктае нависам агарчи мухтасаран чанд маротибае навишта будам аммо инбор зарури донистам то каме муфассалтар нависам ва аз аллоҳи меҳрабон талаб дорам ки ин навиштаи кучаки банда нафъе бошад барои ҷавонони азиз ва аллоҳ қабули даргоҳи бенизаш гардонад. Хонандаи азиз! қабл аз инки дар мавзӯъ дохил шавем сараввал мехостам бигӯям, ки ин мақолаи пеши назари шумо ба бандҳои зерин тартиб дода шуда ва дар чунин нуқтаҳо баҳс мекунад: 1) Маъно ва мафҳуми калимаи тасаввуф ва суфӣ. 2) Тасаввуф ҳамчун тазкияи нафс ва ислоҳи қалб. 3) Сифати суфӣ. 4) Ақвол ва назару андешаҳои уламои аҳли суннат дар мавриди тасаввуф, ва суфӣ. 5)Тасаввуф ва "бидъат". 6) Ақидаи аҳли тасаввуф ва суфиҳо. 7) Байъат назди аҳли тасаввуф. 8) Китобҳое ки муҳаддисин ва муфассирин дар мавриди тасаввуф таълиф кардаанд. 9) Хотима. 1) Маъно ва мафҳуми калимаи тасаввуф ва суфӣ. Хонандаи азиз! Қабл аз инки маънои луғавии калимаи "суфӣ" ва "тасаввуф"-ро баён кунам муносиб медонам як нуктаро низ ба маълумоти шумо бирасонам, ва он инаст, ки дар аввали ислом ғолиби мусалмонон аҳли дин, ва аҳли тақвову зуҳд буданд ва ҳоҷате набуд, ки аҳли тақво ва парҳезгоронро ба номи махсусе ном бибаранд, аммо дар замонҳои баъдӣ ингуна ба кор бурдани истилоҳоте ба вуҷуд омад ба гуруҳе ки ба қироати қуръон ва тадриси он машғул шуданд истилоҳи "Қурро(ъ) "- (қориҳо) ба онҳо ба кор бурда шуд ва ин истилоҳро барояшон интихоб карданд, ва ба касоне ки ба тадриси илми ҳадис машғул шуданд ба номи "муҳаддисин" машҳур шуданд, ва баъдан касоне ки ба фатво додан ва ҷавоб гуфтани масоли динии мардум машғул шуданд истилоҳи "Фуқаҳо" нисбати онон ба кор бурда шуд ва бо ин ном машҳур гаштанд, бадин тартиб истилоҳи "суфӣ" ба касе номида мешуд, ки тарки зинат ва зебогиҳои дунё карда ба зикри худои якто машғул шуда бо қалби соф ва адаби комил шабҳоро ба қиём ва намоз хонӣ ва рӯзҳоро ба рӯза доштан сипари мекард ва танҳо ризомандии аллоҳи ягонаро мехост, истилоҳи суфӣ ба ингуна инсонҳо ба кор бурда шуд ва бо номи суфӣ машҳур шуданд. Аммо дар мавриди маънидод кардани калимаи "суфӣ ва тасаввуф" ки калимаҳои арбӣ мебошанд уламо ва аҳли луғат назарҳои гуногун доранд азин хотир хулоса ва ончики маънояш наздиктар ва саҳеҳтар аст инҷо матраҳ мекунем. "Суфӣ" калимаи арабӣ буда аз луғати "суф" гирифта шудааст "суфӣ" ба касе гуфта мешавад, ки либоси пашмина мепӯшад, калимаи "тасаввуф" бошад масдари боби "тафаъъул" буда ба маънои "пашмина пушидан" аст мисле ки гуфта мешавад: "тасаввафа" яъне "пашмина пӯшид" аммо як нуктаи дигарро бояд донист ки ҳар пашмина пӯше "суфӣ" нест, ва ҳар касе либоси пашмина пӯшид ба ӯ "суфӣ" гуфта намешавад, балки суфӣ ба касе гуфта мешавад ки либоси пашмин бипӯшад ва қалби пок ва софҳам дошта бошад, яъне асли мақсад ин соф ва пок будани қалб аст, аз бемориҳои ботинӣ чуноне ки баъдан гурӯҳе пушидани пашминаро тарк карданд ва либоси пашмин напӯшиданд аммо аз ҷиҳати ихтиёри тазкияи нафс ва софии қалбашон ба онҳо суфӣ мегуфтанд. Албатта калимаи "суф" дар баъҳзе ривоёт ва аҳодиси саҳеҳ низ зикр шудааст азин хотир баъзе аз аҳли илм гуфтаанд, ки истилоҳи "суфӣ" аз ҳадис гирифта шудааст пас маълум мегардад ки истилоҳи "тасаввуф ва суфӣ" истилоҳи навпайдое набудааст, ки ба он "бидъат" гуфта шавад, балки дар асрҳои аввали ислом ба вуҷуд омадааст, чигунае ки дар поён зикр хоҳем кард. Аввалин касеро ки суфӣ гуфтаанд ин абуҳошими суфӣ (160ҳиҷрӣ) буд, ва инчунин аз ҳасани басрӣ(раҳимаҳуллоҳ) ки яке аз бузургони тасаввуф аст (21- 110ҳиҷрӣ) зиндагӣ кардааст чунин ривоят шудааст: ﻋﻦ ﺍﻟﺤﺴﻦ ﺍﻟﺒﺼﺮﻱ ﺭﺣﻤﺔ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﺃﻧﻪ ﻗﺎﻝ : ﺭﺃﻳﺖ ﺻﻮﻓﻴﺎ ﻓﻲ ﺍﻟﻄﻮﺍﻑ ﻓﺄﻋﻄﻴﺘﻪ ﺷﻴﺌﺎ ﻓﻠﻢ ﻳﺄﺧﺬﻩ ﻭﻗﺎﻝ ﻣﻌﻲ ﺃﺭﺑﻊ ﺩﻭﺍﻧﻴﻖ ﻳﻜﻔﻴﻨﻲ ﻣﺎ ﻣﻌﻲ 《Ҳангоми тавоф(тавофи каъба) марди суфиеро дидам, як чизе ба ӯ додам нагирифт ва гуфт: ҳамроҳи ман чаҳор дониқ(ё худ дирҳам) аст ончизе ки ҳамроҳам дорам кофи аст бароям》 Аз имом муҳаддис ва муфассир суфёни саврӣ(раҳимаҳуллоҳ) (соли вафот 161 ҳиҷрӣ) ки аз уламои салафи солеҳин аст чунин ривоят шудааст: ﻋﻦ ﺳﻔﻴﺎﻥ ﺃﻧﻪ ﻗﺎﻝ : ﻟﻮﻻ ﺃﺑﻮ ﻫﺎﺷﻢ ﺍﻟﺼﻮﻓﻲ ﻣﺎ ﻋﺮﻓﺖ ﺩﻗﻴﻖ ﺍﻟﺮﻳﺎﺀ . 《Агар абӯҳошими суфӣ намебуд ман нозукиҳои риёро намешинохтам》(аворифул-маориф аз саҳрурдӣ абдулқоҳири абдуллоҳ саҳ: 59-63) Хонандаи азиз! Маълум мешавад, ки калимаи "тасаввуф" ва "суфӣ" истилоҳоти нав набудаанд, балки аз асри аввали ислом ин ду истилоҳ ба кор бурда шуда уламои салафисолеҳин тасаввуф ва суфиро хуб ва ҳақ пазируфтаанд. (Дар поён ишора мешавад) 2) Тасаввуф ҳамчун тазкияи нафс ва ислоҳи қалб: Хонандаи азиз бояд бидонед, ки асоси дини муқаддаси ислом шомили се рукн ҳаст: 1) ислом 2) имон 3) Эҳсон. Ин аз ҳадиси ҷибраил алайҳиссалом, ки аз паёмбар дар мавриди имон, ислом ва эҳсон пурсон мешавад собит шудааст, чигунае ки ин ҳадис машҳураст ва ҳамагон аз он огаҳӣ доранд азин лиҳоз ҳоҷате ба такрор кардани онро намебинам. Акнун мепардозем ба тавзиҳи ин аркони сегона: Рукни ислом: Рукни ислом ҷониби амалии ибодот ва умури таъабудӣ ҳаст, ки ба василаи ҷисм анҷом мешаванд монанди: намоз, руза, закот, ҳаҷ ва ғайра, ки ба он шариат мегӯянд, ки махсуси таълимоти уламои илми фиқҳ ҳаст. Рукни имон: Рукни имон ҷониби эътиқодӣ ҳаст монанди: имон ба худо, имон ба фариштагон, китобҳои осмонӣ, паёмбарон, рӯзи охират, қазо ва қадар, ва зиндагии пас аз марг, аҳволи қабр, ва ғайра ки ба он ақоид мегӯянд, ки махсуси таълимоти уламои илми ақида ва калом ҳаст. Рукни эҳсон: Рукни эҳсон бошад ҷониби руҳӣ ва қалбӣ ҳаст, ки худоро тарзе ибодат куни ки гуё ӯро мебини ва агар ту ӯро намебини пас ӯ туро мебинад, ки ин шомили мақомоти ирфонӣ ва завқӣ ҳаст, ки ба он тариқат ё тасаввуф ва ирфон мегӯянд, ки махсуси таълимоти уламои аҳли тасаввуфи киром ҳаст ва ҳар як аз ин се рукн комилкунандаи якдигар ҳастанд ва бидуни якдигар имон шахс комил шуданаш маҳол аст. Аммо мақсади тасаввуф ин аст, ки тааллуқ ва муҳаббат ба Аллоҳ ва расули Аллоҳ ба андозае шавад, ки инсон ҳардам ба ёди онҳо ва ба итоату фармонбардории онҳо маҷбур шавад, яъне пойбанд ба фармонҳои Аллоҳ ва суннати расулуллоҳ ﷺ бошад, ва танҳо роҳи ба вуҷуд омадани ин муҳаббат пок кардани қалб аз бемориҳои дарунӣ ва сифатҳои разила монанди: кибр, бухл, ҳасад, тамаъ, ғурур, ҳирс, риё, муҳаббати мол, дунё, мақом, мартаба, ва ғайра.. мебошад ва ба ҷои онҳо сифоти писандидаи Аллоҳ ва расулашро монанди: ихлос, тақво, қаноат, таваккул, сабр, шукр, тавозуъ, (хоксори ва фурутанӣ) ҳаё ва ғайраро, ҷой кунад, ки ба он ислоҳи ботин мегӯянд, чунончи дар иршодоти расули худо ﷺ омадааст: ﺃَﻻ ﻭَﺇِﻥَّ ﻓِﻰ ﺍﻟْﺠَﺴَﺪِ ﻣُﻀْﻐَﺔً ﺇِﺫَﺍ ﺻَﻠَﺤَﺖْ ﺻَﻠَﺢَ ﺍﻟْﺠَﺴَﺪُ ﻛُﻠُّﻪُ، ﻭَﺇِﺫَﺍ ﻓَﺴَﺪَﺕْ ﻓَﺴَﺪَ ﺍﻟْﺠَﺴَﺪُ ﻛُﻠُّﻪُ، ﺃَﻻ ﻭَﻫِﻰ ﺍﻟْﻘَﻠْﺐُ «Огоҳ бошед, ки дар ҷасад як гуштпорае ҳаст, ки агар он гуштпора ислоҳ(пок) шавад тамоми ҷисм ислоҳ мешавад ва агар он гуштпора фосид шавад тамоми бадан фосид хоҳад шуд, огоҳ бошед, ки он гуштпора қалб(дил) ҳаст» (ривояти имом бухорӣ ва муслим) Ва танҳо роҳи ислоҳи қалб ҳамоно интихоби роҳу равиши дуруст барои тазкияи нафс ҳаст ки ба он тасаввуф мегӯянд дар тасаввуф ду чиз бисёр муҳим ҳаст: Якум: Суҳбат ва ҳамнишини бо аҳлуллоҳ ки ба онҳо авлиёи худо ва шахсони солеҳ ва бо тақво гуфта мешавад, чунончи Аллоҳи меҳрабон дар каломи худ мефармояд: ﻳﺎﺍﯾﻬﺎﺍﻟﺬﯾﻦ ﺀﺍﻣﻨﻮﺍ ﺍﺗﻘﻮﺍ ﺍﻟﻠﻪ ﻭﮐﻮﻧﻮﺍ ﻣﻊ ﺍﻟﺼﺎﺩﻗﯿﻦ . «Эй муъминон аз Худо битарсед ва ҳамроҳ бо содиқин(ростгӯён) бошед» (сураи тавба ояти 119). Уламои аҳли суннати вал ҷамоат мегӯянд: худованд дар ин оят муъминонро барои ҳифозат аз имон дастур ба тақво дода ва барои тақво ҳамроҳ будан бо сиддиқин (авлиё ва солиҳин)-ро дастур додааст ва ҳукми худованд то қиёмат боқи ҳаст. Паёмбар ﷺ низ дар ҳадиси муборакаи худ мефармоянд: « ﻣَﺜَﻞُ ﺟَﻠِﻴﺲِ ﺍﻟﺼَّﺎﻟِﺢِ ﻭَﺍﻟﺴَّﻮْﺀِ، ﻛَﺤَﺎﻣِﻞِ ﺍﻟْﻤِﺴْﻚِ، ﻭَﻧَﺎﻓِﺦِ ﺍﻟْﻜِﻴﺮِ؛ ﻓَﺤَﺎﻣِﻞُ ﺍﻟْﻤِﺴْﻚِ ﺇِﻣَّﺎ ﺃَﻥْ ﻳُﺤْﺬِﻳَﻚَ، ﻭَﺇِﻣَّﺎ ﺃَﻥْ ﺗَﺒْﺘَﺎﻉَ ﻣِﻨْﻪُ، ﻭَﺇِﻣَّﺎ ﺃَﻥْ ﺗَﺠِﺪَ ﻣِﻨْﻪُ ﺭِﻳﺤًﺎ ﻃَﻴِّﺒَﺔً ﻭَﻧَﺎﻓِﺦُ ﺍﻟْﻜِﻴﺮِ ﺇِﻣَّﺎ ﺃَﻥْ ﻳُﺤْﺮِﻕَ ﺛِﻴَﺎﺑَﻚَ، ﻭَﺇِﻣَّﺎ ﺃَﻥْ ﺗَﺠِﺪَ ﺭِﻳﺤًﺎ ﺧَﺒِﻴﺜَﺔً ». 《Мисоли ҳамнишини солеҳ ва ҳамнишини бад мисли бардорандаи миск(хушбуи) ва мисли оҳангар ҳаст бардорандаи миск(шахси солеҳу бо тақво дар натиҷаи ҳамнишин бо ӯ) ё ба ту миск(хушбуи ва некӯи) медиҳад ё бӯи мискаш(тақво ва солеҳ буданаш) ба ту асар мекунад ва мисоли оҳангар(рафиқ ва ҳаминшини бад) бошад ё лисбосҳоятро месӯзонад ва ё бӯи оҳанаш ба либосҳоят асар мекунад》 (ривояти имом бухорӣ) Дар ин ҳадиси муборака паёмбар ﷺ ҳамниншини бо солеҳинро бисёр мисоли хубе задаанд, ки ҳамнишини бо солеҳин ва шахсони бо тақво инсонро ислоҳ мекунад ва бӯи хуш ва ахлоқи нек ва тақвои он ба шахс таъсир мерасонад ва оянда уро ислоҳ месозад пас яке аз муҳиммот ва равиши тасаввуф ин лозим гирифтани ҳамниншини бо солеҳин ва шахсони бо тақво ҳаст ки айни дастуроти қуръонӣ ва иршодоти набавӣ мебошад. Дуввум: Дуввумин чизе ки дар тасаввуф муҳим ҳаст ин зикри холиқ ва маъбуди ягона Аллоҳи меҳрабон ҳаст, ки қалбҳоро оромиш мебахшад чуноне, ки дар каломи худ мефармояд: ﺍﻻ ﺑﺬﮐﺮ ﺍﻟﻠﻪ ﺗﻄﻤﺌﻦ ﺍﻟﻘﻠﻮﺏ «Огоҳ шав дилҳо ба ёди худо ором мегиранд» (раъд ояи 28) Аз ин оят маълум мешавад, ки аз бисёр зикри худо оромиш ва итминони қалб ҳосил мешавад. Пас тасаввуф, ки ҳамоно тазкияи нафс, ва пок сохтани қалб аз бемориҳои ботинӣ ҳаст ба тафсири муфассирини аҳли суннати вал ҷамоат дар фарзи айн дохил ҳаст, дар ин маврид мавлоно Муҳаммад шафиъ усмонӣ (раҳимаҳуллоҳ) қавли қозӣ саноуллоҳро дар "тафсири мазҳарӣ" мабни ба ин ки тасаввуф дар фарзи айн дохил ҳаст нақл карда мефармояд: «Разоили ахлоқӣ: кибр, риё, тамаъ, ҳирс, ҳасад ва ғайра аз назари куръон ва суннати набивӣ ҳаром ҳаст, ва ҷалби ахлоқи писандидаи Аллоҳ ва расулаш ﷺ монанди: шукр, таваккул, тавозуъ, сабр, тақво ва ғайра бар ҳар шахси мусалмон фарз ҳаст ва асли бунёди тасаввуф ҳамин андоза ҳаст, ки дар фарзи айн дохил ҳаст» (тафсири маъорифул қуръон ҷилди 4 саҳифаи 170). 3) Сифати суфӣ: Сифати суфӣ: Дар мавриди сифати суфӣ аз каломи уламо мухтасаран ишора мекунем: Имом заннуни мисрӣ (245ҳиҷрӣ) мегӯяд: "Сифати суфӣ ин аст, ки бо забон ва каломаш ҳақиқатро бигӯяд ва дар сокит(хомуш) истоданаш аъзо ва ҷавориҳаш баён кунандаи ҳақ бошанд" Имом ҷунайди бағдодӣ(297ҳиҷрӣ) мегӯяд: "Тасаввуф сифати волои даруни ҳаст, ки дорандаи он(суфӣ) ба зоҳир ва ботин дар роҳи ҳақ қоим бошад" Абулҳасани нурӣ(295ҳиҷрӣ) мегӯяд: "Суфӣ тарк кунандаи лаззатҳо ва хоҳишоти нафсонӣ ҳаст" Аз имо Абӯ алӣ равзборӣ (322ҳиҷрӣ) дар мавриди суфӣ пурсида шуд дар ҷавоб гуфт: ﻣﻦ ﻟﺒﺲ ﺍﻟﺼﻮﻑ ﻋﻠﻰ ﺍﻟﺼﻔﺎﺀ ﻭﺃﻃﻌﻢ ﺍﻟﻬﻮﻯ ﺫﻭﻕ ﺍﻟﺠﻔﺎﺀ ﻭﻛﺎﻧﺖ ﺍﻟﺪﻧﻴﺎ ﻣﻨﻪ ﻋﻠﻰ ﺍﻟﻘﻔﺎ ﻭﺳﻠﻚ ﻣﻨﻬﺎﺝ ﺍﻟﻤﺼﻄﻔﻰ "Касе ки либоси пашминаро бо қалби соф бипӯшад, ҳавову ҳавасашро сарзаниш кунад(аз пайи ҳавову ҳавас наравад) ва дунёро ба пушт гузорад(ба зебогиҳои дунё фирефта нашваду ӯро дӯст надорад) ва бар роҳу равиши паёмбар ﷺ роҳ биравад" Аз имом саҳл ибни Абдуллоҳи тустарӣ (283ҳиҷрӣ) ки аз пешвоёни аҳли тасаввуф ҳаст, дар мавриди суфӣ кист? Пурсида шуд дар ҷавоб гуфт: ﻣﻦ ﺻﻔﺎ ﻣﻦ ﺍﻟﻜﺪﺭ ﻭﺍﻣﺘﻸ ﻣﻦ ﺍﻟﻔﻜﺮ ﻭﺍﻧﻘﻄﻊ ﺇﻟﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻣﻦ ﺍﻟﺒﺸﺮ ﻭﺍﺳﺘﻮﻯ ﻋﻨﺪﻩ ﺍﻟﺬﻫﺐ ﻭﺍﻟﻤﺪﺭ "Шахсе ки (қалбаш) аз кадар(аз бемориҳои қалбӣ) пок бошад, (зеҳнаш) ҳамеша дар тафаккур(ба бузургии аллоҳ) бошад, ба хотири (расидан) ба аллоҳ аз ҳама махлуқот дур бошад(яъне дар робита ба анҷом додани амрҳои аллоҳ назари ҳеҷ бандаеро аҳмият надиҳад танҳо хостори ризои аллоҳ бошад) ва дар назди ӯ тилло ва хок баробар бошад(яъне дӯстдори дунё набошад) " (Мухтасаран аз: "Ат-таъарруф-лимазҳаби аҳлит-тасаввуф) Ин буд якчанд сухане аз уламо дар мавриди сифати суфӣ. 4) Ақвол ва назару андешаҳои уламои аҳли суннат дар мавриди тасаввуф, ва суфӣ. Хонандаи азиз дар таъриф ва тавсифу ҳимояти аҳли тасаввуф аз уламои аҳли суннати вал-ҷамоат аз асрҳои саввуми ҳиҷрӣ то имрӯз суханон ва ақволи зиёд нақл шудааст ва маҷмуи онҳо далолат кунанда бар ин ҳастанд, ки дар ислом тасаввуф ҳаст ва ин уламо низ дар риштаи аҳли тасаввуф дохил ҳастанд ба хотири тулонӣ нашудани мақола даринҷо ақволи имомони мазоҳиби чаҳоргонаро нақл мекунем ва ин нуктаро хотима медиҳему ба нуктаи дигари мавзӯъ мепардозем: Тасаввуф ва тариқати имом Абӯҳанифа: Имом аллома ибни обидини шомии ҳанафӣ дар "раддул-мухтор" бо санад чунин ривоят мекунад: ﻭﻗﺎﻝ ﺍﺑﻮ ﺍﻟﻘﺎﺳﻢ : ﺍﻧﺎ ﺍﺧﺬﺗﻬﺎ ﻣﻦ ﺍﻟﺸﺒﻠﻲ ﻭﻫﻮ ﺍﺧﺬﻫﺎ ﻣﻦ ﺍﻟﺴﺮﻱ ﺍﻟﺴﻘﻄﻲ ﻭﻫﻮ ﻣﻦ ﻣﻌﺮﻭﻑ ﺍﻟﻜﺮﺧﻲ ﻭﻫﻮ ﻣﻦ ﺩﺍﻭﻭﺩ ﺍﻟﻄﺎﺋﻲ ﻭﻫﻮ ﺍﺧﺬ ﺍﻟﻌﻠﻢ ﻭﺍﻟﻄﺮﻳﻘﺔ ﻣﻦ ﺍﺑﻲ ﺣﻨﻴﻔﺔ ﻭﻛﻞ ﻣﻨﻬﻢ ﺍﺛﻨﻰ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺍﻗﺮ ﺑﻔﻀﻠﻪ . "Абулқосим гуфт: ман тариқат(тасаввуф)-ро аз шиблӣ омӯхтам ва ӯ тариқатро аз сиррии сақатӣ омӯхт ва ӯ тариқатро аз маъруфи кархӣ омӯхт ва маъруфи кархӣ тариқатро аз довуди тоӣ омӯхт ва довуди тоӣ илм ва тариқатро аз имом абӯҳанифа омӯхт ва тамоми инҳо имом абӯҳанифаро таърифу тавсиф карда ва бо фазилати ӯ иқрор кардаанд" (раддул-мухтор ҷилди 1 саҳ: 147) Дар ин ривоят ки бо санад нақл шудааст комилан возеҳ аст, ки имом абӯҳанифа илм ва тасаввуф(тариқат)-ро ба шогирдони худ таълим медоданд, зеро довуди тоӣ яке аз шогирдони имом Абӯҳанифа(раҳимаҳуллоҳ) аст. Тасаввуф ва тариқат аз нигоҳи имом молик: Мулло алӣ қории ҳанафӣ дар "Мирқот шарҳи мишкот" чунин ривоятро нақл мекунад: ﻗَﺎﻝَ ﺍﻟْﺈِﻣَﺎﻡُ ﻣَﺎﻟِﻚٌ : ﻣَﻦْ ﺗَﻔَﻘَّﻪَ ﻭَﻟَﻢْ ﻳَﺘَﺼَﻮَّﻑْ ﻓَﻘَﺪْ ﺗَﻔَﺴَّﻖَ، ﻭَﻣَﻦْ ﺗَﺼَﻮَّﻑَ ﻭَﻟَﻢْ ﻳَﺘَﻔَﻘَّﻪْ ﻓَﻘَﺪْ ﺗَﺰَﻧْﺪَﻕَ، ﻭَﻣَﻦْ ﺟَﻤَﻊَ ﺑَﻴْﻨَﻬُﻤَﺎ ﻓَﻘَﺪْ ﺗَﺤَﻘَّﻖَ "Имом молик гуфт: Шахсе фақиҳ шавад ва суфӣ нашавад ба таҳқиқ фосиқ хоҳад шуд, ва касе суфӣ шавад ва фиқҳро наёмӯзад ба таҳқиқ зиндиқ хоҳад шуд, ва касе фақҳ ва тасаввуфро якҷо ҷамъ кунад ба ҳақиқат расидааст" (мирқот шарҳи мишкот китоби илм ҷилди 2 саҳ: 190) Аз ин сухани имом молик инро метавон донист, ки илми бе тасаввуф инсонро ба ҷое намерасонад ва тасаввуфи бе илм низ инсонро ба ҷое нахоҳад расонд пас касе ки илмро ҳамроҳ бо тасаввуф ҷамъ кунад ба ҳақиқат хоҳад расид. Тасаввуф аз нигоҳи имом шофеӣ: Имом шофеӣ мегӯяд: ﺣﺒﺐ ﺍﻟﻲ ﻣﻦ ﺩﻧﻴﺎﻛﻢ ﺛﻼﺙ : ﺗﺮﻙ ﺍﻟﺘﻜﻠﻒ، ﻭﻋﺸﺮﺓ ﺍﻟﺨﻠﻖ ﺑﺎﻟﺘﻠﻄﻒ، ﻭﺍﻹﻗﺘﺪﺍﺀ ﺑﻄﺮﻳﻖ ﺍﻫﻞ ﺍﻟﺘﺼﻮﻑ "Аз дунёи шумо се чиз барои ман дӯстдоштани аст: тарк кардани хоҳишоти нафсонӣ, бо нармӣ муомила кардан бо мардум, ва иқтидову пайравӣ кардан ба роҳу равиши аҳли тасаввуф" (кашфул-хафо ҷилди 1 саҳ: 241) Тасаввуф аз нигоҳи имом аҳмад ибни ҳанбал: Шайх мансури баҳутии ҳанбалӣ дар "кашшофул-қаноъ" чунин нақл мекунад: ﻭﻧﻘﻞ ﺇﺑﺮﺍﻫﻴﻢ ﺑﻦ ﻋﺒﺪ ﺍﻟﻠﻪ ﺍﻟﻘﻼﻧﺴﻲ ﺃﻥ ﺍﻹﻣﺎﻡ ﺃﺣﻤﺪ ﺭﺿﻲ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻨﻪ ﻗﺎﻝ ﻋﻦ ﺍﻟﺼﻮﻓﻴﺔ ﻻ ﺃﻋﻠﻢ ﺃﻗﻮﺍﻣًﺎ ﺃﻓﻀﻞ ﻣﻨﻬﻢ .. "Иброҳим бин абдуллоҳи қалонисӣ нақл мекунад, ки имом аҳмад дар мавриди суфиҳо мегуфт: ҳеҷ қавмеро бо фазилаттар аз суфиҳо намедонам" (кашофул-қаноъ ҷилди5 саҳ: 184). Хонандаи азиз! Чигунае ки маълум шуд, имомони мазоҳиби чаҳоргона дар мавриди тасаввуф ва суфиҳо назари бад надштаанду онҳоро бидъаткор ва қабрпарасту гумроҳ намедонистанд, балки бар акс онҳоро шахсони солеҳу бо тақво медонистанду ба фазл ва илми онон иқрор доштанд ва онҳоро мавриди эҳтиром қарор медоданд ба ин монанд низ дар мавриди таърифу тавсиф ва ҳимояти тасаввуф ва суфӣ аз уламои асри чаҳорум то имрӯз монанди имом ғазолӣ, имом қушайрӣ, имом нававӣ, ибни халдун, имом суютӣ, ва садҳо нафар аз уламои аҳли суннат низ ақволи зиёд ворид шудааст аммо ба хотири тулонӣ нашудани мавзӯъ ба ҳамин иктифо мекунем ва ин нуктаи баҳсро хотима медиҳем. 5) Тасаввуф ва "бидъат". Хонандаи муҳтарам! Мақсад аз тартиб додани чунин нукта дар мақолае ки пеши назари шумост ин аст, ки имрӯзҳо қисме аз ҷавонон аҳли тасаввуро ба "бидъаткор" "қабрпараст" "мушрик" "гумроҳ" ва ғайра муттаҳам мекунанд ва чунон дар ҷаҳлу ҷаҳолат ғутавар шудаанд, ки боре ба китобҳои аҳли суннат назар намекунанд, ки тасаввуф чист ва суфӣ кист ва уламои аҳли суннат дарин маврид чи мегӯянд, балки бо мушоҳида кардани чаҳор наворе ки дар интернетҳо паҳн шудаасту дар зери онҳо бардурӯғ навишта шудааст "инҳо суфиҳо ҳастанд" иктифо намудаву куркурона аз пайи онҳо мераванду аҳли тасаввуфро аз дини ислом хориҷ мекунанд, ки ин ба худи он ҷавонон бисёр хатари бузург дорад. Пас бародари азизам! Ҷони худро дар хатар нагузор! Аҳли тасаввуфро аз нигоҳи уламои воқеии аҳли суннат бишнос на аз наворҳои интернетӣ! Аз ин лиҳоз ин нуктаро дар мақола ба таври алоҳидагӣ интихоб намудам то аз назари уламо бидонем, ки оё воқеанҳам аҳли тасаввуф "бидъаткор" ҳастанду аз назди худ роҳу равиши наверо интихоб кардаанд ё хайр? Имом шотибӣ(соли вафот 790ҳиҷрӣ) дар китоби "ал-иътисом" боби махсусе тартиб дода чунин номгузорӣ кардааст: [ ﻓَﺼْﻞٌ ﻣَﺎ ﺟَﺎﺀَ ﻋَﻦِ ﺍﻟﺼُّﻮﻓِﻴَّﺔِ ﻓِﻲ ﺫَﻡِّ ﺍﻟْﺒِﺪَﻉِ ﻭَﺃَﻫْﻠِﻬَﺎ] "Фасл дар баёни онки дар мавриди бад будани бидъаткорӣ ва аҳли он аз суфиҳо ривоят шудааст" Имом шотибӣ ин фаслро ба хотири он интихоб намуда аз аҳли тасаввуф ривоятҳоро дар мавриди бад будани бидъаткорӣ ва аҳли бидъат дар он нақл кардааст, ки то радде бошад барои ҷоҳилоне ки аҳли тасаввуф ва суфиҳоро бидъаткор медонанд чигунае ки худи ӯ мақсад аз тартиб додани боби махсусеро ба чунин ном мегӯяд: ﻭَﺇِﻧَّﻤَﺎ ﺧَﺼَﺼْﻨَﺎ ﻫَﺬَﺍ ﺍﻟْﻤَﻮْﺿِﻊَ ﺑِﺎﻟﺬِّﻛْﺮِ، ﻭَﺇِﻥْ ﻛَﺎﻥَ ﻓِﻴﻤَﺎ ﺗَﻘَﺪَّﻡَ ﻣِﻦَ ﺍﻟﻨَّﻘْﻞِ ﻛﻔﺎﻳﺔ "Ба чи хотир мо чунин боберо (дар ин китоб) тартиб додаем? Ва агарчи дар гузашта мо (дар мавриди бидъаткорӣ) нақл кардем ҳамон кифоя буд?" Сипас меафзояд: ﻟِﺄَﻥَّ ﻛَﺜِﻴﺮًﺍ ﻣِﻨَﺎﻟْﺠُﻬَّﺎﻝِ ﻳَﻌْﺘَﻘِﺪُﻭﻥَ ﻓِﻴﻬِﻢْ ﺃَﻧَّﻬُﻢْ ﻣُﺘَﺴَﺎﻫِﻠُﻮﻥَ ﻓِﻲ ﺍﻟِﺎﺗِّﺒَﺎﻉِ، ﻭَﺃَﻥَّ ﺍﺧْﺘِﺮَﺍﻉَ ﺍﻟْﻌِﺒَﺎﺩَﺍﺕِ ﻭَﺍﻟْﺘِﺰَﺍﻡَ ﻣَﺎ ﻟَﻢْ ﻳَﺄْﺕِ ﻓِﻲ ﺍﻟﺸَّﺮْﻉِ ﺍﻟْﺘِﺰَﺍﻣُﻪُ ﻣِﻤَّﺎ ﻳَﻘُﻮﻟُﻮﻥَ ﺑِﻪِ ﻭَﻳَﻌْﻤَﻠُﻮﻥَ ﻋَﻠَﻴْﻪِ، ﻭَﺣَﺎﺷَﺎﻫُﻢْ ﻣِﻦْ ﺫَﻟِﻚَ ﺃَﻥْ ﻳَﻌْﺘَﻘِﺪُﻭﻩُ ﺃَﻭْ ﻳَﻘُﻮﻟُﻮﺍ ﺑِﻪِ، ﻓَﺄَﻭَّﻝُ ﺷَﻲْﺀٍ ﺑَﻨَﻮْﺍ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻃَﺮِﻳﻘَﺘَﻬُﻢْ : ﺍﺗِّﺒَﺎﻉُ ﺍﻟﺴُّﻨَّﺔِ، ﻭَﺍﺟْﺘِﻨَﺎﺏُ ﻣَﺎ ﺧَﺎﻟَﻔَﻬَﺎ "Мо ба он хотир чунин боберо тахсис додем, ки зеро бисёре аз ҷоҳилон дар мавриди суфиҳо эътиқод доранд ки гуё онҳо дар пайравӣ кардани суннат танбалӣ ва сустӣ мекунанд ва (гуё) онҳо ибодатҳоеро аз назди худ ихтироъ(эҷод) кардаву ба он пойбанд шудаанду ба он(чизҳои эҷод карда) мегӯянд ва амал мекунанд ва онҳо(суфиҳо) аз ин (туҳматҳои) ҷоҳилон(ки мегӯянд) суфиҳо аз назди худ ибодатҳои навро эҷод кардаанд пок ҳастанд ва (суфиҳо) чунин намегӯянд ва чунин эътиқод надоранд ва аввалин чизе ки суфиҳо роҳу равишашонро бар он бино намудаанд ин: пайрави кардани суннат ва дури ҷустан аз он чизе ки хилофи суннат ҳаст мебошад" Дар идома мегӯяд: ﻭَﺃَﻥَّ ﺍﻟﺼُّﻮﻓِﻴَّﺔَ ﺍﻟَّﺬِﻳﻦَ ﻧُﺴِﺒَﺖ ْﺇِﻟَﻴْﻬِﻢُ ﺍﻟﻄَّﺮِﻳﻘَﺔُ ; ﻣُﺠْﻤِﻌُﻮﻥَ ﻋَﻠَﻰ ﺗﻌﻈِﻴﻢ ِﺍﻟﺸَّﺮِﻳﻌَﺔِ، ﻣُﻘِﻴﻤُﻮﻥَ ﻋَﻠَﻰ ﻣُﺘَﺎﺑَﻌَﺔِ ﺍﻟﺴُّﻨَّﺔِ، ﻏَﻴْﺮُ ﻣُﺨِﻠِّﻴﻦ ﺑِﺸَﻲْﺀٍ ﻣِﻦْ ﺁﺩَﺍﺑِﻬَﺎ، ﺃَﺑْﻌَﺪُ ﺍﻟﻨَّﺎﺱِ ﻋَﻦِ ﺍﻟْﺒِﺪَﻉِ ﻭَﺃَﻫْﻠِﻬَﺎ . ﻭَﻟِﺬَﻟِﻚَ ﻟَﺎ ﻧَﺠِﺪُ ﻣِﻨْﻬُﻢْ ﻣَﻦْ ﻳُﻨْﺴَﺐُ ﺇِﻟَﻰ ﻓِﺮَﻖٍ ﻣِﻦَ ﺍﻟْﻔِﺮَﻕِ ﺍﻟﻀَّﺎﻟَّﺔِ، ﻭَﻟَﺎ ﻣَﻦْ ﻳَﻤِﻴﻞُ ﺇِﻟَﻰ ﺧِﻠَﺎﻑِ ﺍﻟﺴُّﻨَّﺔِ . ﻭَﺃَﻛْﺜَﺮُ ﻣَﻦْ ﺫُﻛِﺮَ ﻣِﻨْﻬُﻢْ ﻋُﻠَﻤَﺎﺀُ ﻭَﻓُﻘَﻬَﺎﺀُ ﻭَﻣُﺤَﺪِّﺛُﻮﻥَ ﻭَﻣِﻤَّﻦْ ﻳُﺆْﺧَﺬُ ﻋَﻨْﻪُ ﺍﻟﺪِّﻳﻦُ ﺃُﺻُﻮﻟًﺎ ﻭَﻓُﺮُﻭﻋًﺎ "Ва ба таҳқиқ суфиҳо ки ба онҳо (низ) тариқат мегӯянд ҳамагӣ иттифоқ доранд ба бузургдоштани шариат ва пойбанд ҳастанд бар пайравии суннат ва ҳеҷ одобе аз суннатро тарк намекунанд ва суфиҳо дуртарин маврдум ҳастанд аз бидъаткорӣ ва аҳли бидъат ба ҳамин хотир ҳаст, ки мо ҳеҷ нафаре аз суфиҳоро дарёфт накардем, ки ба фирқае аз фирқаҳои аҳли залолату гамроҳ нисбат дода шуда бошанд ва(инчунин) мо дарёфт накардаем ки нафаре аз суфиҳо ба суи хилофи суннат майл карда бошанд ва бисёри он суфиҳое ки зикр карда шуд ҳамагии онҳо уламо, фуқаҳо, муҳаддисин, ва касоне буданд масоили эътиқодӣ ва фиқҳиро аз онҳо гирифта мешуд" (ал-иътисом ҷилди 1 саҳ: 131). Пас аз ин маълум мегардад, ки туҳматҳоеро ки дар ҳақи аҳли тасаввуф мунташир мекунанд ва онҳоро ба гумроҳӣ ва бидъаткорӣ муттаҳам мекунанд ин кори ҷоҳилон будааст чигунае ки имом шотибӣ мегӯяд. Аҳли тасаввуф аз "бидъат" ва "бидъаткорон" безор ҳастанд ва дуртарин мардум аз бидъат мебошанд. (Давом дорад-давомаш дар заметкаи дигар)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев