Овардаанд марде назди Алӣ ибни Абӯтолиб (р) омад ва чунин гуфт: Ман аз шумо чор савол мекунам лутфан ба саволҳоям посух бидихед.
1.) Воҷиб чи аст ва Воҷибтар чист?
2.) Қариб чи аст ва қарибтар чи аст?
3.) Аҷиб чи аст ва аҷибтар кадом
аст?
4.) Мушкилӣ ё сахтӣ чи аст ва
мушкилтару сахттар кадом аст?
Алӣ ибни Абӯтолиб (р) фармуданд:
1.) Воҷиб фармонбардорӣ аз Аллоҳ аст ва воҷибтар аз он тарки гуноҳ намудан аст.
2.) Қариб рузи киёмат ас, вале қарибтар аз он марг аст.
3.) Аҷиб дунё аст вале аҷибтар аз он
дӯст доштани дунё аст.
4.) Мушкил ва сахт ин қабр аст, вале мушкилтару сахттар аз он ин мурдани бе туша ва омодагӣ барои
қабру охират аст. Валлоҳу аълам!!