Агар волидайн бихоҳанд «фарзанди намозхон» тарбият кунанд, нуқоти зайлро анҷом диҳад:
1️⃣ Атфол муқаллидини падар ва модари худ ҳастанд, ва онҳоро улгуи худ қарор медиҳанд, замоне ки падар ва модар ҳамвора пойбанди намоз бошанд, ва онро бо хушуъ ва саҳеҳ мувофиқи Паёмбари ислом адо намоянд, кӯдак низ ҳавасманд мешавад. (Вақте, ки падар ва модар дар адои намозҳо, сусти кунанд, атфол чи биёмузанд?). Дар умум кӯдак шефтаи ончизеанд, ки падар ва модар (ва ҳамаи хонавода) анҷом медиҳанд.
2️⃣ Падар, вақте ки ба масчид меравад, ҳатман писари худ ҳамрои худ бибарад, агар чи ки дар саф ӯро истодан нагузоранд, аз дидани мардум мегирад.
3️⃣Агар кӯдаки хона, бисёр хурд ҳастанд, ва наметавон онҳоро ба масчид бурд! Пас марди мусалмон мукаллаф аст то намозҳои суннати худро дар хона адо кунад (То аз намози Ӯ дар хона биёмӯзанд), ва намозҳои фарзро дар масчид.
[Ва ингуна дастури паёмбарﷺ аст].
4️⃣ Ба ҳамин тартиб модар; ҳангоме ки ба намоз меистад дар канори фарзандонашро истода намояд.
5️⃣Атфоли дигаре, ки ба намоз шавқдоранд ва ҳамвора дар сафи масид ҳузур доранд, онҳоро ба фарзандони худ ёдоварӣ намоед,ва дар тавсиф ва ташвиқи онҳо бипардозад.
6️⃣Аз равишҳои кор бигиред, ки барои кӯдак, форам бошад.
7️⃣ Ҳамеша барои кӯдак аз ҷойгоҳи намоз, ва аҳамияти он дар Ислом, ва сазои тарки он ва дараҷоти он дар Биҳишт, ҳарф бизанед.
8️⃣Барои онҳо васоили махсуси намозро бихаред, (Масалан, ҷой намоз, либоси сафед ва агар духтар бошад ҳиҷоби комил ва ғ..)(албатта ин маврид фақат барои ҳавасманд сохтани онҳост).
9️⃣Гоҳе аз онҳо бихоҳед то дар рӯйи дигарон, намозба суръати дастаҷамъи бихонанд.
1️⃣0️⃣ Онҳо ба таври тадриҷи ва дарозмуддат, ба намоз даъват дода шаванд,ва маҷбур нашаванд ва аз латукуб кардани онҳо ҷиддан парҳез шавад.
1️⃣1️⃣ ҳамвора барои онҳо наворҳои ибодати соири мусалмонон - бахусус намози байтуллоҳи ҳарам нишон дода шавад.
1️⃣2️⃣Кӯдаке, ки ба намоз шавқ надорад, барои ӯ пул диҳед то намоз бихонанд, ва ин тартиб одат мекунад ва ҳавасманд мешаванд.
1️⃣3️⃣ Агар Кӯдак андаке ҳам шавқи ибодатро дошта бошад, онҳоро ҳавасманд кунед, ва онҳоро дар назди дигарон тавсиф кунед .
Аз китоби: «таълими вузӯ ва намоз барои атфол»
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев