Аз Анас ибни молик (р) ривоят аст, ки гуфт: Абӯзар (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекард, ки фармуданд:
«Ҳангоме, ки ба Макка будам, сақфи хонаам шикофта шуда ва Ҷабраил (ъ) дохил гардид синаамро кушода ва бо оби замзам шуст. Баъд аз он таштеро, ки пур аз ҳикмат ва имон буд, оварда ва дар синаам холӣ кард ва синаамро баст. Баъд аз он дастамро гирифт ва ба сӯи осмон уруҷ намуд. Чун ба осмони аввал омадам, Ҷабраил (ъ) ба дарбони осмон гуфт: Боз кун. Дарбон гуфт: Кист? Ҷабраил (ъ) гуфт: Ман Ҷабраил ҳастам. Гуфт: Касе ҳамроҳат ҳаст.
Гуфт: Бале! МУҲАММАД (с) ҳамроҳам мебошад.
Гуфт: Оё ӯ мабъус шудааст?
Гуфт: Бале. Ва дарбон дарро кушод. Чун ба Осмони дунё боло шудем, дидем шахсе нишаста ва мардумоне дар тарафи росташ ва мардумоне дар тарафи чапаш қарор доранд, чун ба тарафи росташ нигоҳ мекунад, механдад ва чун тарафи чапаш нигоҳ мекунад, мегиряд . (Ӯ моро мухотаб қарор дода ва гуфт: Эй пағамбари некукор ва фарзанди некукор хуш омадед. Аз Ҷабраил (ъ) пурсидам: Ин шахс кист?
Гуфт: Ин (ОДАМ) (ъ) аст ва ин чизҳое, ки дар тарафи рост ва чапаш қарор доранд, арвоҳи авлодаш мебошанд. Онҳое, ки дар тарафи росташ ҳастанд, аҳли ҷаннат ва онҳое, ки дар тарафи чапаш мебошанд, аҳли дузах ҳастанд, чун ба тарафи росташ мебинад, механдад ва чун ба тарафи нигоҳ мекунад мегиряд. Баъд аз он маро ба сӯи осмони дуввум бурда ва ба дарбон гуфт: Боз кун. Дарбон ҳамон чизеро, ки дарбони осмони аввал гуфта буд, такрор намуд ва дарро кушод. Анас (р) мегӯяд ки Абӯзар (р) барояш гуфтааст, ки Паёмбари Худо (с) дар осмонҳо Одам (а), Идрис (а), Мӯсо (а), Исо (а) ва Иброҳим (а)-ро дидааст. Вале (р) маконҳои онҳоро мушахас карда натавонист, фақат ҳаминқадар ба хотир дошт, ки Паёмбари Худо (с) Одам (ъ) -ро дар осмони дунё ва Иброҳим (а)-ро дар осмони шашум дидаанд. Анас (р) мегуяд: Чун Ҷабраил бо Паёмбари Худо (с) назди Идрис (ъ) расиданд, гуфт:
Пайғамбари некӯкор ва бародари некӯкорам, хуш омадед. Паёмбари Худо (с) мегӯянд, ки аз Ҷабраил (ъ) пурсидам: «Ин шахс кист?»
Гуфт: Ин Идрис (а) аст. Баъд аз он назди Мӯсо (а) расидем ва ӯ ҳам гуфт: Пайғамбари некӯкор ва бародари некӯкорам, хуш омадед. Пурсидам:
«Ин кист?»Гуфт: Ин Мӯсо (а) аст. Баъд аз он назди Исо (а) расидем ва ӯ ҳам гуфт: Пайғамбари некӯкор ва бародари некӯкорам, хуш омадед: Пурсидам «Ин кист?»Гуфт: ин Исо (а) аст. Баъд аз он назди Иброҳим (а) расидем ва ӯ гуфт: Пайғамбари некӯкор ва фарзанди некӯкорам, хуш омадед. Пурсидам: «Ин кист?»Гуфт: Иброҳим (ъ) аст. Анас (р) мегӯяд: ибни Аббос (р) ва Абуҳаббаи Ансорӣ (р) мегуфтанд, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд, ки «баъд аз он то ҷое бурда шудам, ки ақломи (қаламҳои) (малоика) -ро мешунидам.»
Анас ибни Молик (р) мегӯяд: Паёмбари Худо (с) фармуданд:
«Худованд бар уммати ман панҷоҳ НАМОЗ фарз гардонид, бо ҳамин ҳукм баргаштам, то он, ки назди Мӯсо (а) расидам. Пурсид: Худованд бар уммати ту чи фарз намуд? Гуфтам: Панҷоҳ вақт НАМОЗ.
Гуфт:
Ба назди Парвардигорат баргард, чун уммати ту тоқати инро надорад. Баргаштам ва Хуванди мутаъол қисмате аз онро соқит намуд, боз баргаштам ва назди Мӯсо омадам, гуфтам: Худованди мутаъол қисмате аз онро соқит намуд. Гуфт: Назди Парвардигорат баргард, чун уммати ту тоқати онро надоранд. Баргаштам ва боз Худованди мутаъол қисмате аз онро соқит намуд, боз назди Мӯсо омадам ва боз бароям гуфт: Назди Парвардигорат баргард, зеро уммати ту тоқати онро надоранд. Боз баргаштам ва Парвардигорам бароям гуфт: Ин панҷ аст (дар адад) ва панҷоҳ аст (дар савоб) ва ин гуфтаам тағйирпазир нест. Боз назди Мӯсо омадам ва ӯ ба ман гуфт:
Назди Парвардигорат баргард. Гуфтам:
Аз Парвардигорам ҳаё мекунам. Баъд аз он Ҷабраил (ъ) ҳамроҳам рафт, то маро ба Сидрату-у-мунтаҳо расонид ва ин мақом чунон рангҳои гуногуне дошт, ки онҳоро васф карда наметавонам, баъд аз он маро ба ҷаннат бурданд ва дар он ҷо риштаҳое буд аз марворид ва хоки он аз мушк буд.»
(Ривояти Бухорӣ)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев