далелҳои аҷиб
Аз даврони қадим то бадиН' рӯз ҳамагон
мехоҳанд асрори ҳамБ'астагии зан ва мардро
пурра кА'шф созанд, вале то ба ҳол ба касе
кушодани асрори пурраи ин алоқамандӣ даст
надодааст. Бо вуҷуди пурра кашф нагаштани
сирри марду зан ба одамият даст додааст, ки
баъзе далелҳои аҷибро аз робитаи онҳо
фаҳмида гирад.
Далели аввал
Ҳамаи бонувон мехоҳанд зебову ҷаззоб
бошанд, вале тавре, ки маълум мешавад, ин
нақше бозида наметавонад. Агар ба гуфтаи
равоншиносон бовар кунем, мардон дар
доираи занҳои зебо буданро дӯст медоранд,
аммо барои алоқаи доимӣ онҳо на хонумҳои
зебо, балки хонумеро, ки чандон ҳусни қазоӣ
надорад, интихоб мекунанд. Ба ақидаи
равоншиносон ин рафтори мард ба
эҳтиёткории вай вобастагӣ дорад. Яъне
мардон барои робитаи доимӣ бо зани зебо
ҳарос доранд. Тарси онҳо аслан аз он аст, ки
зани зебо диққати дигар мардонро ба худ
ҷалб сохта, қодир аст, то ба мард хиёнат
кунад.
Далели дуюм
Мардон зани қавииродаро мепарастанд.
Ин далел кайҳо исбот шудааст ва худи
мардон низ онро тасдиқ мекунанд. Онҳо
мегӯянд, ки агар зан қавииродаву ба худ
боварӣ дошта бошад, зебогии вай зарур
нест, вале агар зан ҳам бе нур бошаду ҳам
беирода, ӯ ҳеҷ гоҳ наметавонад, маликаи
қалби марде бошад.
Далели сеюм
Мардон ба заноне, ки онҳоро ба такопӯ
водор месозанд, таваҷҷӯҳ доранд.
Баъзе занон сароғоз ба мард таваҷҷӯҳи
зиёде карда, вайро ба худ моил месозанд,
вале ҳамин, ки дили мардро ба худ гарм
карданд, дигар ба мард эътиборе
намедиҳанд. Баъди ин андешаи занро ба ҳар
роҳе, ки набошад ба даст даровардан мардро
ором намегузорад. Аммо ногуфта намонад,
ки беэътибории аз ҳад зиёди зан мардро аз
вай дур сохта, ӯро ба дигар заноне, ки ба вай
наздикӣ меҷӯянд, моил мегардонад.
Далели чорум
Чӣ кори зан мардро бештар ба ғазаб меорад?
Агар фикр намоед, ки бечорагию беиродагии
зан, пас ин хато будааст. Ба ақидаи
коршиносон мардонро бештар шикояту
норозигии доимии занон ба ғазаб меорад.
Инчунин, мардон занонеро, ки дар пеши
онҳо дигар бонувон, яъне ҳамҷинсони худро
паст зада носазо мегӯянд, хуш надоранд.
Равоншиносон дар ин самт занҳоро ба
эҳтиёткорӣ даъват карда, маслиҳат медиҳанд,
то ғайбати ҳамҷинсонро на дар пеши мард,
балки дар пеши дугонаҳояшон кунанд, вале
агар аз ин кор – ғайбат пурра даст кашанд, ин
барояшон нафъи калон дорад.
Далели панҷум
Рашки беасос поягузори дилсардиҳо.
Рашк заҳри ҳалоҳилест, ки шӯълаи
муҳаббатро байни зан ва мард рӯз то рӯз
заиф сохта, оқибат хомӯш мекунад. Махсусан
занҳо рашки ҷонсӯз доранд, ки дар аксарияти
ҳолатҳо он беасос аст. Мардон рашки
беасоси занонро таҳаммул карда
наметавонанд ва дар бештари ҳолатҳо
воқеан ҳам, рашки беасоси занон, онҳоро ба
хиёнат тела медиҳад. Пас бояд зан ба мард то
метавонад рашки худро нишон надиҳад.
Далели шашум
Зану мардро ҳолатҳои ногуворе, ки бо ҳам аз
сар гузаронидаанд, наздик месозад.
Бинобар ин, бо дӯстдоштаи худ дар ҳар кор
таваккал карданро коршиносон тавсия
медиҳанд. Пас бо азизи дилатон ба кӯҳсор
равед ё дар корҳои хатарноки дигар ӯро
ҳамроҳӣ намоед.
Ин рафторҳои шумо мардро водор месозад,
то ба шумо бо чашми дигар нигарад ва
дилбастагию таваҷӯҳаш ба шумо зиёдтар
гардад, - мегӯянд коршиносон.
Далели ҳафтум
Солҳо барои алоқамандӣ чӣ нақш мебозанд?
Зану мард чӣ қадаре, ки бо якдигар якҷоя
бошанд, ҳамон андоза ҳамбастагии онҳо ба
ҳам зиёдтар мешавад. Коршиносон маълум
сохтаанд, ки онҳое, солиёни дароз бо ҳам
якҷоя зиндагӣ мекунанд, зоҳирану ботинан
монанд мегарданд. Мушоҳидаҳо нишон
додаанд, ки бархе аз занону мардони
солиёни дароз бо ҳам буда, ҳатто маргро низ
якҷоя ё паси ҳам истиқбол менамоянд.
Таҳияи Бахтовар Назаров
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев