Хиёнат паси номи хоҳар
Қиссаи Апаи Наргис
Имрӯз, пас аз солҳо хомӯшӣ, Апаи Наргис лаб кушод…
Бо диле пур аз оҳи сӯзон…
Бо нигоҳе, ки мисли хун гиря мекард…
– Ман духтари дуввуми хонадон будам. Миёни се бародари қавиирода ва як хоҳари зебо.
Он рӯзҳо зиндагӣ барои ман ба орзуи ширини кӯдакӣ монанд буд — пур аз нур, пур аз умед…
Ман бо ормонҳои сафед ба зиндагии нав қадам мондам.
Ва он зиндагӣ маро бо як марди меҳрубон, як ҳамсари мардона ошно кард.
Ӯ сарватманд набуд, аммо дастонаш — лабрези меҳнату муҳаббат буданд.
Бо муҳаббаташ дили маро ғизо медод, бо эҳтиромаш рӯҳамро бол медод.
Мо се фариштаи нозанин доштем. Онҳо нафаси зиндагии мо буданд.
Модар, вақте ба ман менигарист, бо ифтихор мегуфт:
– Ту духтари хушбахти манӣ…
Ва ман, сар то по шукрона, лаб мизадам:
– Бале, хушбахтам. Ман шавҳари хуб дорам, фарзандони солим, ва як хонаи пур аз муҳаббат…
Аммо баъзан осмони ором якбора тира мешавад…
Рӯзҳо бо оромӣ мегузаштанд, то…
Як рӯз, хабаре омад, ки дили маро мисли шиша шикаст.
Хоҳари азизам, Маҳина… аз шавҳараш ҷудо шуда буд.
Танҳо баъди 6 моҳ зиндагӣ.
Ӯ бо дили шикаста, бо чашмони пурашк, ба хонаи падару модар баргашт.
Ман дилам сӯхт… на танҳо барои хоҳар…
Балке бештар — барои модари пирами шикастахотир…
Барои падари хомӯш, ки орзуи “хушбахтии духтараш” дар як лаҳза ба хок рафт…
Ман қасам хӯрдам:
– Хоҳарам дигар ҳеҷ гоҳ танҳо намемонад!
Ӯро ба Душанбе овардам.
Дар оғӯши хонаи худ ҷой кардам.
Мисли соя ҳамеша паҳлуям буд.
Бароям ёрӣ медод. Фарзандонамро нигоҳ мекард. Ва бо дили хаста зиндагиро аз нав меомӯхт…
Ба шавҳарам гуфтам:
– Биё, як кори хуб ё курс ёбем барояш. Бигузор истода шавад…
Вай, марди “меҳрубонам”, розӣ шуд.
Маҳина курси омӯзишӣ рафт. Оҳиста-оҳиста рӯяш боз мешуд, мисли гуле баъди борон…
Модарам ашки шодӣ рехт, вақте фаҳмид, ки духтараш танҳо нест.
Ман ҳис кардам:
Хушбахт касе нест, ки ғам надорад…
Хушбахт он касе аст, ки дар рӯзи тор як такягоҳ дорад…
Аммо… ман кӣ будам, ки ба ҳама бовар мекардам?
Субҳҳо шавҳарамро бедор мекардам:
– Илтимос, хоҳарамро ба донишгоҳ расон…
Ӯ асабӣ мешуд, мехост таксӣ гирем.
Аммо ман, “апаи ғамхор”, ӯро ҳар саҳар ба мошини шавҳарам мешинондам…
Ман фикр мекардам, ин “кӯмак ба хоҳар” аст…
Аммо намедонистам, ки дар ҳамин кӯмак, дар ҳамин муҳаббат, тухми хиёнат кошта мешавад…
Оҳиста-оҳиста, дунё тағйир ёфт.
Маҳина шабҳоро дар хона набуд.
Мегуфт — зодрӯз аст.
Мегуфт — дарс аст.
Мегуфт — вохӯрии омӯзишӣ.
Ва ман, ки дар банди фарзандон ва рӯзгор будам, бовар мекардам…
Аммо дилам...
Дилам чизеро ҳис мекард. Як сиёҳӣ. Як сояи ноаён…
Як шаб, ки дилам таркид, ба гиря гуфтам:
– Чаро дигар шаб намеоӣ, хоҳарам? Ман апаи туям! Ҳақ дорам, ки пурсам!
Вай дод зад:
– Ман духтари хурдсол нестам! Зиндагии худро дорам!
Ин сухан... мисли корд бар ҷигарам зад.
Ва рафт…
Хомӯш, вале бо қадаме ки манро шикаст…
Он рӯз…
Рӯзи сиёҳ…
Ман бо писарам ба бозор рафта будам.
Ва ногаҳон…
Чашмам ба манзаре уфтод, ки диламро дарида кард…
Маҳина… хоҳари ман… бо шавҳари ман…
Даст ба даст, шод, хандон… аз мағозае ба мағозаи дигар…
Таксиро гуфтам:
– Аз пасашон бирав…
Он рӯз, дилам мурда буд.
Пас аз чанд рӯз фаҳмидам:
Шавҳарам...
Ҳамон марде, ки солҳо қаҳрамони орзуҳоям буд…
Ба хоҳари худам хона гирифтааст…
Ва ӯро зани дуюмаш кардааст…
Ман сӯхтам.
Шикастам.
Намурдам… лекин дигар зинда ҳам намонда будам…
Хиёнат аз марде буд, ки ба вай зиндагиямро бахшида будам…
Хиёнат аз хоҳаре буд, ки барояш модар шуда будам…
Як сол аст, ки ман ин оташро дар дил пинҳон кардаам.
ЯК СОЛ…
На хоб дорам, на ором.
На зиндагӣ дорам, на марг…
Ман танҳо гиря мекунам…
Дар кунҷи хонаи хомӯш…
Дар торикии диле, ки дигар нур намебинад…
Ман медонам, ки шавҳарам ва хоҳарам —
Ҳоло зери як бом зиндагии дигаре доранд…
Ҳамин зиндагие, ки ман рӯзе орзу мекардам…
Онро дигарон — бо хиёнат сохтаанд…
Ба кӣ бигӯям?
Киро дод занам?
Модараму падарамро шарманда кунам?
Фарзандонамро бишканам?
Сари худро ба девор занам, ки чаро ин қадар бовар кардам?
Ман ҳоло зане ҳастам, ки дар оина худро намешиносад…
На ҳамсар…
На хоҳар…
На модар…
Ман...
ЯК САЙЁРАИ ХОЛИИ ЗИНДАГӢ ҳастам…
Ман, ки як умр барои дигарон зиндагӣ кардам…
Ман, ки барояшон модар шудам…
Ҳоло танҳо Худоро дорам…
Худо ва қалами хомӯшро…
Ки менависад…
Месӯзад…
Ва намемирад…
Муаллиф: Фирӯз Каримзода,
бо дарди сад зане, ки хиёнатро аз хона мешунаванд…