ДОМАНБОХТА
Ҳангоми мактабхонӣ ХубоН' ҷавонеро бо
номи Пӯлод самимона дӯст медошт ва онҳо
пинҳонӣ аз волидону хешу таБ'ор бо ҳам
вомехӯрдА'нд. Ишқи онҳо бо вуҷуди пинҳон
буданаш ҳам, зуд дар деҳа овоза шуд.
Азбаски дар як маҳалла зиндагӣ мекарданд,
модари ҷавон аз ин ишқи пинҳонӣ бохабар
гашта , писарашро маҷбур кардааст, ки аз
баҳри Хубон барояд , зеро ӯ нияти аз ин деҳа
келинкуниро надораду беҳуда духтарро
бадном насозад. Аммо Пӯлод ҳамоно якравӣ
мекард, ки ғайр аз Хубон бо дигар кас
хонадор намешавам. Агар рӯзе якдигарро
намедиданд, мисли девона мегаштанд. Хубон
духтари калонии хонадон буд. Хоҳараш
Шарбон аз ӯ ду сол хурд бошад ҳам, духтари
зираку доно буд. Тамоми кору бори хонаро
низ нағз омӯхта буду мӯҳтоҷи кору бори янга
набуд. Модари Пӯлод ҳарчанд кӯшиш кард,
писарашро аз роҳи ишқ гардонида
натавонист. Оқибат маҷбур шуда ба хостгорӣ
рафт ва аз ин кор хурсандии дилдодагонро
ҳадду канор набуд. Аммо падари духтар
розигиашро доду гуфт, ки танҳо баъди ду моҳ
маросими тӯйро мегузаронем, зеро айни
замон вақти ғалладаравӣ ва корҳои хоҷагӣ
аст. Бо ҳамин Хубону Пӯлод номзади
ҳамдигар шуданд. Азбаски бародарони Хубон
дар Федератсияи Русия буданд, кору бори
саҳро ҳама ба дӯши занҳо буд, Хубон бо
хоҳару янгаҳояш дар саҳро аз субҳ то шом
гандум медаравиданд. Духтар хурсанд буд, ки
ниҳоят ба висоли дӯстдоштаам мерасад. Чун
кабки маст хандакунон ҳазлу шӯхӣ карда,
янгаҳояшро механдонду дар офтоби сӯзон
кор мекарданд. Онҳо нисфирӯзӣ барои
хӯрдани хӯрок ба хона омада каме истироҳат
мекарданду пас аз нисфирӯзӣ боз ба саҳро
мебаромаданд. Дар ҳақиқат, кору бори саҳро
вазнин буд барои зан. Рӯзе Хубон хаста шуда
ба хона омадан нахост. Ман бисёр хаста
шудам. Каме обу нон хӯрда ба сояи он дарахт
то баргаштани шумо истироҳат мекунам
гуфт. Шарбон бошад, аз ин кори апааш
норизо гашта гуфт, ки дар ин чӯлу биёбон,
тоқаву танҳо хуб нест. Хобат бурда монад,
тарсиданат мумкин, аммо Хубон якравӣ
карда, омадан нахост. Онҳо ночор ба хона
раҳсипор шуданд. Модар аз кори кардаи
Хубон ба хашм омада, ӯро сарзаниш мекард.
Дар саҳро ғайр аз Хубон каси дигар набуд.
Ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифта буд. Танҳо
ба гӯш хониши паррандагон мерасид. Хубон
каме пораи нонро ба об тар карда хӯрду,
сипас дар сояи дарахте, дароз кашида, зери
лаб суруди ошиқиеро замзама мекард. Дере
нагузашта хобаш бурда монд. Дар хоб ӯро
сиёҳие пахш мекард. Марди сиёҳи
девмонанде ба ӯ дарафтода, ӯро буғӣ мекард.
Ӯ доду фарёд зада бедор шуд, аммо ин хоб
набуд. Чӯпоне ташна шуда, барои об ба сӯи
чашма мерафт. Ногоҳ чашмаш ба духтар
афтоду ба ӯ ҳайвонвор дарафтод, Хубон
ҳарчанд муқобилият мекард, аммо зӯраш
намерасид. Зорию тавалло мекард, ки пас аз
як ҳафта тӯйи арӯсӣ дораду маро ба ҷои
духтараш донад, аммо ба он чӯпоне, ки
солҳову моҳҳо дур аз оилааш зиндагӣ
мекарду ташнаи зан буд, ин гапҳо таъсир
намекарданд. Ба доду фарёди духтарак нигоҳ
накарда, аз ӯ коми дил ситонду сипас
қаноатмандона ба сӯи чашма рафт. Дар он
ҷо сару рӯяшро шӯста сурудхонон ба назди
рамааш рафт. Хубон суханони Шарбонро ба
хотир оварда, аз кори кардааш пушаймон
шуда, ба тамоми овоз фарёд мезад.
Мӯйканону рӯйканон он чӯпонро дуои бад
менамуд, аммо оби рехтаро бардошта
намешуд. Ӯ дигар зистан намехост. Ин доғи
номуродиро чӣ хел ба Пӯлод фаҳмонам гӯён,
ашки хунин мерехт. Ногоҳ аз дур хоҳару
янгаҳояш намоён шуданд. Онҳоро дида
аламаш дучанд шуду гирякунон ба
пешвозашон баромад. Шаҳрбон хавотир
шуда зуд ба апааш наздик омаду аҳволпурсӣ
кард.
- Ба ту чӣ шуд Хубон чаро гап намезанӣ ?-
гӯён суолборон мекард.
- Кош гапи туро мегирифтаму дар ин ҷо
намемондам. Ҳама орзуҳоям барбод рафт.
Тӯйи арӯсиам ба мотам табдил ёфт,- гӯён
мегирист.
-Чаро чунин мегӯӣ? Ба ту чӣ шудааст?
-Марди чӯпоне омада ба номусам дастдарозӣ
кард. Акнун ман ба Пӯлод нодаркор шудам
хоҳарҷон,- гуфта бо тамоми овоз мегирист
Хубон.
Шаҳрбон баробари апааш гиря мекард. Он
рӯз онҳо корро партофта зуд ба деҳа
баргаштанд. Падару модар аз ин кори Хубон
дар деҳа сархам гашта, назди Худованд худро
гунаҳгор меҳисобиданд, ки чаро баргузории
тӯйро ба қафо партофтанд. Падари Хубон ба
саҳро баромада се шабонарӯз он чӯпонро
кофт, вале аз ҳеҷ куҷо пайдо карда
натавонист. Хубон чанд шабонарӯз чизе ба
даҳон нагирифта мехобид. Дар дасташ
телефон ҳам надошт, ки ба Пӯлод занг зада,
ӯро аз асли воқеъа хабардор кунад. Ба ӯ
фаҳмонад, ки ӯ доманбохта шудааст, вале
хабари шум тез дар деҳа паҳн шуда буд.
Нисфирӯзӣ Шаҳрбон Хубонро аз хоб бедор
карда гуфт, ки “ Апаҷон хез Пӯлод ба наздат
омадааст”. Дасту пойи Хубон ба ларза
даромад. Ба Пӯлод чӣ тавр фаҳмонданашро
намедонист. Гирёну нолон назди ҷавон
омад.
- Сабаби гиряатро медонам Хубон. Чаро ин
корро кардӣ?
- Ман гуноҳ надорам Пӯлод. Ба болои захмам
намак напошу мақсади омаданатро бигӯй.
- Омадам, ки бо туву ишқи аввалинам видоъ
гӯям.
- Ту медонӣ, ки ман гуноҳе надорам. Маро
таҷовуз кард он номард.
- Ман ҳам гуноҳ надорам. Модарамро барои
издивоҷамон маҷбур розӣ кунонда будам,
аммо ту маро дар назди онҳо сархам кардӣ.
Ҳарчанд туро аз ҷонам зиёдтар дӯст
медорам, аммо ин бори гуноҳи туро
бардошта наметавонам. Падару модарам
намехоҳанд, ки баъди ин воқеаи нангин бо
ту издивоҷ кунам. Маро бубахш. Ба ман
иҷозат деҳ, ки бо дигаре хонадор шавам.
(Давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5