✏📖🍃.Марде дервақт хаста аз кор ба хона баргашт.Дар назди дар писари хурдсолашро дид,ки ӯро интизор буд:
- Падар,як савол аз Шумо пурсам?
- Бале писарам,Чи саволе?
- Падар,Шумо барои ҳар соати корӣ чи қадар пул мегиред?
Мард,ки хаста ва асаби буд,аз ин суоли писараш ба ғазаб омаду гуфт:
- Ин ба ту рабте надорад.Чарор чунин мепурси?
- Фақат мехостам бидонам,ки барои ҳар соати корӣ чи қадар пул мегиред.
- Агар донистан мехоҳӣ,хуб мегӯям,20 сомонӣ.
Писараки кӯчак дарҳоле ки сараш поин буд,оҳе кашиду гуфт:
- Метавонед ба ман 10 сомонӣ қарз диҳед?
Мард аз ин рафтори писараш бештар асабонӣ шуд ва гуфт:
- Яъне сабаби пурсидани саволи ноҷоят ин буд,ки барои харидани ким кадом бозичаи нодаркор аз ман пул мехоҳӣ? Зуд ба хона рав,фикр кун ва бубин,ки чаро инқадар худхоҳ ҳастӣ.Ман ҳар рӯз сахт кор мекунам ва барои чунин рафторҳои кӯдаконаат вақт надорам.
Писарак ором ба хона рафт.
- Чихел барои рифтани пул ҷуръат карда ба ман чунин савол медиҳад?
Баъди гузаштани як соат мард ором шуд ва фикр кард,ки шояд бо писари хурдсолаш тунд рафтор кардааст.Шояд воқеан ҳам ӯ барои харидани чизе ба 10 сомонӣ ниёз дошт.Мард ба сӯи ҳуҷраи писараш рафт ва дарро боз кард:
- Хоб ҳастӣ писарам?
- На падар,бедорам.
- Фикр кардам шояд бо ту рафтори хуб накардам.Имрӯз корам сахт буд.Бисёр хаста ва асабонӣ будам ва ҳамаи онро сари ту холӣ кардам,гир ин 10 сомонии пурсидаатро.
Писараки хурдсол нишаст ва хандида гуфт:
- Раҳмат падар!
Баъд дасташро зери болишташ бурд ва чанд то пули фарсуда баровард.
Мард вақте дид,ки писараш худаш пул дорад,ҳайрон шуду гуфт:
- Худат пул доштаӣ,чаро боз аз ман пул хостӣ?
Писари хурдсол чавоб дод:
- Барои он ки пулам кофӣ набуд,аммо акнун кофӣ шуд.Ҳоло ман 20 сомонӣ дорам.Оё метавонам як соати кори шуморо бихарам то фардо зудтар ба хона биоед?
Дӯст медорам,ки бо шумо хӯроки шомро якҷо хурам.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев