Кошфиёт ба қатори ёдгориҳои муҳими фарҳангии Бохтари бостонӣ таалуқ дорад, валеаксари ашёҳои он имрӯз дар Осорхонаи Бритониё ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар соли 2007 Президенти Тоҷикистон хостори баргардонидани ин хазина ба ватани худшуда буд, аммо талошҳои дипломатӣ бенатиҷа анҷом ёфтанд ва осорхона танҳо ба нусхасозии баъзе аз осорҳо розӣ шуд. Соли 2013 осорхона нусхаҳои шаш ашёи дигарро ба мо ирсол намуд, вале асли онҳо то ҳол дар Лондон боқӣ мемонанд.
Барои муқоиса, дар соли 2024 32 адад ашёи хазинаи Ашанти, ки беш аз як аср пеш мусодирашуда буд, ба Гана баргардонида шуд. Гарчанде ки онҳо бо шарти «иҷораи дарозмуддат» баргардонида шуданд, ин як мисоли муҳими байналмилалӣ барои баргардонидани сарватҳои фарҳангӣ аз Британияи Кабир гардид.
Тоҷикистон метавонад аз ин ҷараён барои идомаи талошҳои дипломатӣ истифода карда, нишон диҳад, ки баргардонидани осори таърихӣ имконпазир аст ва ин як ҷузъи тамоюли ҷаҳониибарқарорсозӣ адолат гардида истодааст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев