Дар Олимпиадаибайналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ дар байни хонандагони синфҳои болоӣ, ки аз 2 то 8 август бодастгирии ЮНЕСКО дар Чин баргузор гардид, мунтахаби Русия шаш медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст овард. Ба ҳайати даста мактаббачагон аз Москва, Санкт-Петербург, Владивосток, Уфа ва Новосибирск шомил шуданд.
Дар даври ниҳоӣ онҳо бо 300 нафариштирокчиён аз 61 кишвар, аз ҷумла Австралия, Бразилия, Чин, ИМА, Сингапур, Ҷопон ва дигаркишварҳо вохӯрданд. Рақобат хеле ҷиддӣ буд, валехонандагони Русия сатҳи баланди донишро нишондода, масъалаҳои биниши компютерӣ, омӯзишимошинӣ, коркарди забони табиӣ ва барномасозиироботҳоро хеле хуб ҳал карданд.
Дастаи Русия таҳти роҳбарии коршиносониДонишгоҳи марказӣ ва Донишкадаи физикаютехникии Маскав бо иштироки мутахассисониАлянс дар соҳаи зеҳни сунъӣ, ки аз ҷониби Фондисармоягузориҳои мустақими Русия таъсис ёфтааст, омодагӣ дид.
Муовини сарвазири Федератсияи Русия Дмитрий Чернишенко қайд кард, ки мактаббачагони рус дар муборизаи одилона ва рақобатнок ҳашт медал ба даст оварда, давомдиҳандагони арзандаи анъанаҳои мактаби пурқуввати физикаю математика ва коркардҳои пешрафтаи ватанӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣмебошанд. Вазири маориф Сергей Кравтсов таъкид намуд, ки ин муваффақият на танҳо боиси ифтихори тамоми кишвар аст, балки саҳми бузурги системаи маориф дар рушди ояндаи иқтисодиёт ва камолоти рақамии давлат мебошад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев