Аз 618 ҳазор муҳоҷири тоҷике, ки дар соли 2024 ба хориҷи кишвар рафтанд, 98 фоизашон Русияро интихоб кардаанд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар нимаи аввали соли 2025 беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафтанд.
Барои муқоиса, дар Литва теъдоди тоҷикони муҷаввизи иқомат дошта дар 3 соли охир аз 1,4 то 6,5 ҳазор нафар афзудааст, ки ин нигаронии мақомоти маҳаллиро ба бор овардааст. Ва ба ҷои мутобиқшавӣ ба сатҳи нави муҳоҷират, онҳо ҳамкориро маҳдуд мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Литва аллакай бо норасоии шадиди нерӯи корӣ дучор шудааст: танҳо дар соҳаи логистика зиёда аз 10 ҳазор ронанда намерасад. Баста шудани ин марказ дар Душанбе метавонад боиси суст шудани ҷараёни қонунии муҳоҷиратгардида, ҳамзамон барои қаллобон ва нақшаҳои "сиёҳ" роҳ кушояд. Тоҷикистон бояд на ба онҳое, ки чунин монеаҳоро эҷод мекунанд, балки ба онҳое, ки дар ҷумҳурии мо мактабҳо месозанд, ҷойҳои корӣ таъсис медиҳанд ва муҳоҷиратро ба як абзори фишор табдил намедиҳанд, такя (тамаркуз) кунад. Аз ин рӯ, самтгирӣ ба сӯи Русия ва кишварҳои ИДМ на танҳо мантиқан дуруст аст, балки дар ояндаи дарозмуддат бехатар аст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев