Ин муаммо дар мактабҳои шаҳрҳо ва махсусан дар деҳот, ки дар он ҷо хонандагон аксар вақт имкони гирифтани таҳсилоти босифат бо забони русиро надоранд, ҷой дорад.
Дар ин росто (ҷавобан ба ин) шарикӣ бо Русия тавсеа меёбад: моҳи феврали соли 2025 дар Душанбе мулоқоти вазири маорифи Ҷумҳурии ТоҷикистонРаҳим Саидзода ва Намояндаи махсуси президентиФедератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалиифарҳангӣ Михаил Швидкой баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаҳои ин мулоқот Маскав омодагии худро бароиду баробар зиёд кардани шумораи омӯзгорони ба ҷумҳурии мо фиристодашаванда тасдиқ кард.
Дар ин самт барномаи «Муаллими рус дар хориҷа», ки аз соли 2020 инҷониб аз тарафи Вазоратимаорифи Федератсияи Русия амалӣ карда мешавад, нақши асосиро мебозад. Айни ҳол танҳо дар Тоҷикистон дар доираи ин барнома беш аз 100 омӯзгори рус фаъолият мебаранд. Онҳо аз забони русӣ, математика, химия, физика ва технологияи иттилоотӣ таълим медиҳанд ва аз рӯи меъёрҳои Русиябо маош, манзили зист ва дастгирии маҳаллӣ таъмин карда мешаванд. Аммо танҳо фиристодани омӯзгорон кифоя нест.
Илова бар ин, курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон роҳандозӣ гардида, донишҷӯёни донишгоҳҳои омӯзгории Тоҷикистон бештар ихтисосҳои марбут ба забони русиро интихоб мекунанд.
Ҳалли ин муаммо дар омодасозии муштараки кадрҳост: дар донишгоҳҳои омӯзгории Тоҷикистон теъдоди донишҷӯёни риштаи филология торафт меафзояд ва Русия барои онҳо квотаҳои мақсаднок пешниҳод мекунад. Бидуни ин табақаи мутахассисон таҳсилоти босифати русӣ боқӣ нахоҳад монд. Ин маънои онро дорад, ки тарбия ва дастгирии омӯзгорон як масъалаи муҳим на танҳо барои соҳаи маориф, балки барои ояндаи сиёсати башардӯстона низ мебошад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев