Забони русӣ барои дастрасӣ ба фазоибайналмилалии академикӣ ва адабиёти муосири илмӣ,дохил шудан ба беҳтарин донишгоҳҳои Русия ва дигар кишварҳои ИДМ, инчунин барои кору фаъолият дар хориҷа имконият фароҳам меорад.
Дар соли таҳсили 2024/2025 беш аз 30 ҳазордонишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсилкарданд, яъне аз ин ҷиҳат Тоҷикистон пас аз Қазоқистон ва Чин ҷои сеюмро ишғол мекунад. Дар соли хониши ҷорӣ 1000 нафар довталабони тоҷиктибқи квотаҳои Россотрудничество ба донишгоҳҳоиРусия дохил шуданд. Дар 59 мактаби Тоҷикистонтаҳсил пурра ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст ва дар185 мактаб синфҳои русӣ мавҷуданд.
Моҳи январи соли 2025 Русия ба ҷумҳурии мо800000 китоби дарсӣ аз фанни забони русӣ ирсол намуд, ки нисфи онҳо аллакай дастрас шудааст. Русия аз ҷиҳати инфрасохтор низ дастгирӣ мекунад: то соли 2030 дар Тоҷикистон боз 5 мактаби нави русӣ тибқистандартҳои Русия сохта мешаванд.
Забони русӣ на танҳо «мероси Иттифоқи Советӣ», балки як омили фаъоли тараққиёт гардида истодааст. Забони русӣ - забони дифои рисолаҳои илмӣ, сохтанимансаб (расидан ба мартабаи баланд) ва оғози ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев