Ин чорабинии васеъмиқёс намояндагони соҳаи тиҷорат, ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи коршиносони кишварҳои ИДМ, СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро муттаҳид намуда, ба як майдони муҳими муҳокимаи самтҳои стратегии рушди минтақа - аз рақамисозӣ ва экология то логистика ва фарҳанг табдил ёфт.
Яке аз иштирокчиёни форум муовини президенти Конгресси байналмилалии саноатчиён ва сохибкорон Михаил Черепанов буд. Ӯ зимни суханрониаш қайд намуд: "Шунидани қиссаи шаҳр аз забони муовини раиси шаҳр бароям хеле ҷолиб буд. Бахусус маълумот дар бораи он, ки шумо ният доред дар соли ҷорӣ пурра ба нақлиёти барқӣ гузаред, бисёр ҳайратовар (таъсирбахш) аст. Ин воқеан шоёни таъриф аст (касро ба ваҷд меорад), маълум аст, ки шумо ба оянда аз нигоҳи дигар менигаред. Ҳамзамон нишондиҳандаҳои мушаххас вобаста ба он, ки шумо аллакай ба чӣ ноил гаштаед ва дар оянда ба чӣ майл доред, номбар карда шуданд. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумо метавонед барои бисьёр шаҳрҳои ҷаҳон намуна бошед. Ин гуна таҷрибаҳои муваффақ бояд дар дигар кишварҳо паҳн карда шаванд, ва маҳз чунин чорабиниҳо ба табодули таҷриба, ҳамкорӣ ва татбиқи беҳтарин ҳаллҳо мусоидат мекунанд.
Ин чорабинӣ танҳо як форум набуд, балки барои шаклҳои нави шарикӣ дар минтақа тобиши (рафтори) нав муайян кард.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев