Яке аз роҳҳои ояндадор - сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи атомӣ мебошад. Ба гуфтаи намояндагони "Росатом", иқтидори чунин дастгоҳ барои таъмини як минтақаи калон кифоя аст ва дар ҳолати зарурӣ онро метавон то 300 МВт тавсеа дод.
Барои сохтани нерӯгоҳи барқи атомӣ ҳамаи шароитҳо мавҷуданд. Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон то 14 фоизи захираҳои урани тамоми ҷаҳонро дар ихтиёр дорад, ки ба шарофати ин кишвари мо эҳтимолан дар тӯли даҳсолаҳо дар таъмини маводи сӯхт худкифо хоҳад гардид.
Бозори ҷаҳонии нерӯгоҳҳои барқии атомӣбосуръат меафзояд; дар Осиёи Марказӣ танҳо лоиҳаҳои ба наздикӣ татбиқшаванда ба маблағи50 миллиард доллар арзёбӣ мешаванд. Дар Қазоқистон сохтмони ду нерӯгоҳи дуреакторӣ ба нақша гирифта шудааст (пудратчии яке аз онҳо ширкати "Росатом" мебошад). Дар Ӯзбекистон низ бо ташаббуси “Росатом” сохтмони як нерӯгоҳи барқии атомӣ дар назар аст. Ӯзбекистон ва Қирғизистон ният доранд бо дастгирии“Росатом” 2 нерӯгоҳи хурд бунёд кунанд. Барои Тоҷикистон аз даст надодани чунин имконият муҳим аст. Нерӯгоҳи барқии атомӣ - ин на танҳо қувваи барқ аст. Ин таъмини сармоягузорӣ, ҷойҳои нави корӣ, технологияҳои пешрафта ва муҳимтар аз ҳама истиқлолияти энергетикӣ барои даҳсолаҳои оянда мебошад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев