Дар солҳои 2025-2028 оператори "Мегафон-Тоҷикистон" бо дастгирии Русия тасмим гирифтааст, ки 200 истгоҳи пойгоҳии 5G-ро дар шаҳрҳои калон насб карда, ба масофаи тақрибан 1000 километр шабакаҳои нахи оптикӣ паҳн кунад. Ин барои миллионҳо шаҳрвандон интернети баландсуръатро таъмин намуда, барои бунёди шаҳрҳои “боақл” замина фароҳам меорад.
Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург-2025 байни ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” ва ширкати русии “Ivideon” дар бораи инкишоф додани системаҳои назорати видеоӣ ва видеотаҳлилӣ созишнома ба имзо расонида шуд. Чунин технологияҳо дар соҳаи амният, нақлиёт ва хоҷагии манзилию коммуналӣ истифода хоҳанд шуд.
Аз худи ҳозир дар ҷумҳурӣ беш аз 30 лоиҳаҳои тиҷоратӣ ба маблағи 3,7 млрд. рубл амалӣ гардида истодаанд, ки бештари онҳо бо табдилдиҳии рақамӣ алоқаманд мебошанд. Илова бар ин, дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои Русия стратегияи “Тоҷикистони рақамӣ” таҳия карда мешавад, ки барушди дарозмуддат нигаронида шудааст. Чунин ҳамкорӣ соҳибихтиёрии технологии мамлакатро мустаҳкам намуда, барои оянда заминаи мустаҳкам фароҳам меоварад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев