Бо ташаббуси Душанбе соли 2025 аз ҷониби СММ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи умумиҷаҳонии пиряхҳо эълон шудааст.
“Дипломатияи обӣ” – ин танҳо сухани холӣнест. Бо ҳамоҳангии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш Фонди боварии байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Вазифаи он маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ, системаҳои мониторинг ва мубодилаи байналмилалии маълумот мебошад.
Русия иштирокчии фаъоли ин ташаббусҳост. Он на танҳо бо таҷҳизоти техникӣ (обсанҷҳо, моҳвораҳо, таҳлили маълумот) кӯмак мекунад, балки лоиҳаҳои Бонки рушди АвруОсиёро дар самти сарфаи об пешбарӣ мекунад. Ба шарофати рафторҳои нав, Тоҷикистон метавонад ҳар сол то 40% захираҳои обиро сарфа намуда, партовҳои гази карбонро то 5 миллион тонна кам кунад.
Чунин шарикӣ собит мекунад, ки об – ин омили ҳам амният ва ҳам рушд аст. Ва ба хотириҳаёти миллионҳо одамон нигоҳ доштани пиряхҳо бисёр муҳим аст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев