Маҳз пиряхҳо то 60 фоизи захираҳои обии кишвару минтақаро таъминмекунанд. Гармшавии глобалӣ обро ба як захираи пешгӯинашаванда табдил дода, хатари обхезӣ, хушксолӣ ва норасоиро бештар мекунад.
Русия шарики асосӣ дар мубориза бо ин хатарҳост. Соли 2024 дар манотиқи кӯҳистонииТоҷикистон 15 истгоҳи худкори обуҳавосанҷӣ ва обсанҷҳо насб карда шуданд. Онҳо дақиқиипешгӯиро 20% зиёд карда, ба шабакаи минтақавиибо Маркази гидрометеорологии Русия алоқамандпайваст шудаанд.
Инчунин системаи моҳвораии “Kaнопус-В” барои мониторинги пиряхҳо ва арзёбии хатариобхезӣ истифода мешавад. Дар солҳои 2025-2030 ба кор андохтани 50 истгоҳи иловагӣ ва маркази минтақавии иқлимӣ дар Алмаато босуперкомпьютери русӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки сенарияҳои ояндаротарҳрезӣ карда, пешакӣ омода шавем.
Фаъолияти муштарак аллакай натиҷаҳои худро дода истодааст, яъне асари карбон коҳиш ёфта, пешгӯӣ такмил дода мешавад, ин махсусан дар шароити тағйирёбии иқлим муҳим аст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев