Рақамҳо худ шаҳодат медиҳанд.
Дар соли 2024 ҳаҷми гардиши моли Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё 3,3 миллиард долларро ташкил дод, ки 38,5 дарсади ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии кишварро ташкил медиҳад. Соли 2023 ин нишондиҳанда 36%-роташкил дода буд.
Манфиатҳо барои кишвар ва шаҳрвандони мо дар чист:
- Дастрасии озод ба бозорҳои Иттиҳод, яънеимкони фурӯши молҳо бидуни монеаҳои гумрукӣ ва чун натиҷа афзоиши содирот, даромад ва теъдоди ҷойҳои корӣ.
- Иштирок дар логистикаи Авруосиё: Тоҷикистон аллакай ба лоиҳаи бунёди марказҳои агрологистикӣ дар Душанбе, Суғд ва Хатлон шомил шудааст, ки аз ҷониби минтақаҳои Русия (Маскав, Санкт-Петербург ва Олтой) маблағгузорӣ карда мешаванд. Ин марказҳо анборҳо, яхдонҳо, хатҳои бастабандӣ ва коркардро дар бар мегиранд. Ин ба тезонидани гардиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ байни кишварҳо, инчунин кам кардани талафоти деҳқонон мусоидат карда, даромади соҳаи хоҷагии қишлоқро зиёд мекунад.
Ҳамгироӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё –ин, пеш аз ҳама, ба иқтисодиёти оддӣ дахл дорад: дар куҷо нигоҳ доштани ҳосил, чӣ гуна молро зуд ба харидор расонидан, чӣ гуна онро дар хориҷи кишварбо фоида фурӯхтан. Тоҷикистон дар остонаи як ҷаҳиши босифат қарор дорад ва ҳамкориҳои Авруосиё метавонад такягоҳи он гардад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев