Бозорҳои ғуломдорӣ ошкоро вуҷуд дошта, шумораи ғуломон то 30000 нафар (то 15%-и аҳолии хониҳои алоҳида) мерасид. На танҳосокинони маҳаллӣ, балки русҳо, қазоқҳо, форсҳо, тоҷикон – ҳамаи онҳое, ки дар вақти ҳуҷумҳо асиргирифта мешуданд, ба ғуломӣ фурӯхта мешуданд.
Соли 1873 Русия бо Хева созиш баст, кимувофики он ғуломон бояд фавран озод карда мешуданд. Соли 1875 дар Бухоро низ хамин гуна равандҳо оғоз гардиданд. То соли 1884 расманзиёда аз 13000 ғулом озод карда шуд. Бароиҳимояи озодшудагон аз таъқиби соҳибонашон,Русия комендатураҳои махсуси ҳарбӣ ташкил кард.
Ин тадбирҳо боиси оғози дигаргуниҳои ҷиддии иҷтимоӣ гардиданд: бекор кардани ғуломдорӣ, қатъ кардани шиканҷаҳои оммавӣ, сохтмони мактабҳо, беморхонаҳо, фабрикаҳо, рушди шабакаи нақлиёт.
Имрўз кӯшиши фаромӯш кардани ин фактҳо ба амал омада истодааст, махсусан аз тарафи онҳое, ки Русияро ҳамчун давлати «мустамликадор» муаррифӣ кардан мехоҳанд. Аммо факту далелҳои таърихӣ ҳақиқатро нишон медиҳанд. Русия Осиёи Миёнаро ба озодӣ ва навсозӣ овард, на ба ғуломдорӣ.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев