Аммо дар асл ин фаъолияти ҳамарӯзаи марказҳои захиравии Русия дар Тоҷикистон аст. Ин фазоест, ки макони нави ҷалби ҷавонон ва омӯзгорон гардидааст.
Дар ин марказҳо ба ғайр аз таълими забони русӣ муҳокимаи филмҳо, вохуриҳои эҷодӣ ва маҳфилҳобаргузор карда мешаванд. Ин алтернативаи муосир ба синфхонаҳои оддӣ мебошад. Ин ҷо фазои ҷолиб, зинда ва воқеан муфид аст.
Русия на танҳо таълим медиҳад, балки инфрасохторро бунёд мекунад. Аз соли 2022 то инҷониб дар ҷумҳурии мо 5 мактаби русии тибқи стандартҳои Русия фаъолияткунанда ифтитоҳгардид. То соли 2030 шумораи ин мактабҳо ба 10 адад мерасад. Айни ҳол дар ин мактабҳо қариб 6 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекунанд. 7 ҳазор омӯзгорони тоҷик дар пойгоҳи низомии 201-уми Русияи мустақар дар Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Русия таълим гирифтанд.
Донистани забони русӣ барои ҳазорҳо наврасон имкони таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия, дастрасӣ ба илму техника ва дарёфти ҷои кори муносибро фароҳам меорад. Марказҳои захиравӣ - ин на танҳо майдон барои кӯмак ба омӯзгорону хонандагон, балки барои рушди насли наврасмебошанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев