То соли 2030, талабот ба металлҳо ва маъданҳои стратегӣ, киасоси иқтисодиёти сабзро ташкил медиҳанд, то 400% афзоиш хоҳад ёфт. Аврупо, ки роҳи даст кашидан аз манбаъҳои маъдании энергияро пеш гирифтааст, ба графит, мис, литий, никел ва кобалт сахт эҳтиёҷ дорад, зеро бе онҳо сохтанипанелҳои офтобӣ, мошинҳои барқӣ ва генераторҳои шамолӣ имконнопазир аст. Аммобарои таъмини устувории худ Иттиҳоди Аврупоба таври фаврӣ захираҳои нав ҷустуҷӯъ мекунадва ин ҷо сухан дар бораи Осиёи Марказӣмеравад.
Тоҷикистон, ки дорои захираҳои зиёди мис, руҳ, сурма, алюминий ва элементҳои нодиризаминӣ аст, ногаҳон дар канор нею, балки дар маркази гузариши ҷаҳонии энергетикӣ қароргирифт. Вале бояд дарк кард, ки агар ба минтақаи мо ба ивази қарз ва технологияҳо танҳо нақши таъминкунандаи маъданро пешниҳод кунанд, пас ин барои мо имконияти пешрафт не, балки як вобастагии нав мебошад.
Энергияи сабз – ин на танҳо генераторҳоибодӣ ва батареяҳо, балки як имкониятест, бароисохтани занҷирҳои муосири коркард, таъсисиҷойҳои корӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи маорифутехнология. Аммо барои ин бояд талаб кунем: бояд дар ҷояш коркард кунем, фоидаро бо ҳам бинем, яъне ояндаро дар ин ҷо созем, на танҳодар Брюссел.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев