Бо ворид шудани Wildberries ба бозори Тоҷикистон, соҳибкорони маҳаллӣ барои рушд такони пурқувват мегиранд. Солҳои охир ҷумҳурии мо дар самти табдилдиҳии рақамӣ қадамҳои устувор мегузорад: соли 2019 Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ тасвиб гардид ва соли 2022 аввалин қонун дар бораи тиҷорати электронӣ қабул карда шуд. Аввалин платформаҳои тиҷоратии миллӣ низ пайдо шуданд: LakLak, Wyzo, Alif Shop - онҳо собит карданд, ки соҳибкорони тоҷик барои кор дар муҳити онлайн омодаанд.
Wildberries на танҳо як платформаи тиҷоратӣ, балки инфрасохторест, ки омӯзишро дар бар мегирад. Соли 2023 як платформаи таълимии PRO Wildberries ба кор андохта шуд, ки дар он соҳибкорон асосҳои фурӯш ба тариқи онлайн, логистика, бастабандӣ ва маркетингро азхуд мекунанд. Тиҷорати рақамӣ - ин ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, афзоиши содирот ва коҳиши монеаҳо барои тиҷорати хурду миёна мебошад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар касе, ки ғоя ва маҳсулот дорад, акнун метавонад дар миқёси ИДМ, бидуни иҷораи ҷой ва миёнаравҳо тиҷорат кунад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев