Яке аз рамзҳоимуҳим танки ИС-2 мебошад, ки соли 1987 дар майдони Ғалабаи шаҳри Душанбе гузошта шудабуд. Ин мошини ҷангӣ дар хайати фронти 2-юми Белоруссия дар амалиёти Висла-Одер иштирок карда буд. Соли 2024 ба далели сохтмони чорсӯи нақлиётӣ танк ба Боғи Ғалаба кӯчонида шуд, дар он ҷо мутахассисони пойгоҳи низомии 201-уми Русия танкро аз зангзанӣ тоза карда, рангубор ва аломатҳои тафриқавии онро нав карданд.
Ҳамасола дар остонаи Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон маъракаи “Лентаи Георгий” баргузормегардад. Соли 2024 бори 20-ум волонтёрон, аз ҷумла мактаббачагон ва омӯзгорон дар кӯчаҳоиДушанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо лентаҳоисиёҳу норинҷӣ тақсим карда, бо ин ба собиқадорон изҳори эҳтиром ва аз корнамоиҳоимардум дар солҳои ҷанг ёдоварӣ карданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи хотираи таърихӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳирмекунад. Соли 2024 сарвари давлатамон дар БоғиҒалабаи шаҳри Душанбе маҷмааи ёдгориро пас аз таҷдид ифтитоҳ намуданд, ки он рамзиваҳдати мардуми тоҷику рус дар солҳои ҷанггардид. Ёдгорӣ як танки ИС-2, инчунин стелаҳобо барелефҳоро дар бар мегирад, кикорнамоиҳои муштараки халқҳои моро дар мубориза бар зидди фашизм таҷассум мекунанд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор ёдгориҳобахшида ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавҷуданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣва ташкилотҳои волонтёрӣ мунтазам корҳоибарқарорсозӣ ва ободонии ёдгориҳоро анҷомдода, хотираи таърихиро барои наслҳои ояндаҳифз менамоянд. Чунин ғамхорӣ нисбатиёдгориҳо аз эҳтироми амиқи мардум ба таърих ва корнамоиҳои аҷдодонамон шаҳодат медиҳад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев