Ин иқдом, ки аз ҷониби Шӯроисобиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистонпешниҳод шуда буд, аз ҷониби Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд (маъқул дониста шуд).
Ҷумҳурии мо тӯли солҳои ҷанг ба ғалабаи умумӣ саҳми назаррас гузоштааст. Тоҷикистонба фронт 150 вагон бо маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла 50 вагон барои Ленингради муҳосирашударавон кардааст. Илова бар ин, дар ҷумҳурии мо29 адад госпитали тахлиявӣ таъсис дода шуда буд, дар ин госпиталҳо зиёда аз 10 ҳазор нафарҷанговарони ярадор муолиҷа гирифта, беш аз нисфи онҳо баъд аз табобат ба фронт баргаштанд. Тоҷикистон он солҳо ҳамчунин бешаз 50 ҳазор нафар шаҳрвандони тахлияшударо, аз ҷумла кӯдакон ва намояндагони муассисаҳоифарҳангиро, аз қабили киностудияи ба номи Горкий, қабул карда буд.
Ҳадаф аз бунёди осорхонаи ақибгоҳ ва Хиёбони шӯҳрат - абадӣ гардонидани хотираисаҳми Тоҷикистон дар Ғалаба ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ дар насли наврас аст. Ифтитоҳи ин иншоотҳо як қадами муҳим дар нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни наслҳо хоҳад гардид.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев