Соли 2025 оғози сохтмони бузургтарин парки технологии саноатӣдар шаҳри Душанбе дар заминаи собиқ корхонаимошинсозии “Коргоҳи мошинсозӣ” ба нақша гирифта шудааст. Ин лоиҳа бунёди аввалининшооти бузурги саноатии Русияву Тоҷикистонропешбинӣ мекунад, ки ба рушди технология ва истеҳсолот нигаронида шудааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонзарурати гузаштан ба технологияҳои пешрафтаирақамӣ ва истеҳсолиро таъкид кард, ки албатта бунёди инфрасохтори мувофиқро тақозо мекунад. Ҷониби Русия ин ташаббусҳоро фаъолонадастгирӣ намуда, табодули таҷриба ва технологияҳо мекунад. Дар назар аст, ки ин парки технологии Душанбе аз рӯи намунаи технополиси"Химград"-и шаҳри Қазон сохта мешавад, ин дар навбати худ барои ҷалби сармоягузорон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ имконият фароҳам меорад.
Ҳамкории саноатӣ бо корхонаҳои Русия бароиТоҷикистон авлавият дорад. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав қайд намуд, киҷалби сармоя ва мутахассисони Русия ба бунёдипаркҳои технологӣ дар амиқгардонии ҳамкориҳоидуҷониба нақши калон хоҳад дошт.
Таҷрибаи Русия дар таъсиси паркҳоитехнологии муштарак бо дигар кишварҳо, аз қабили Чин ва Ӯзбекистон, ҳамчун заминаибоэътимод барои татбиқи бомуваффақияти чунинлоиҳаҳо дар Тоҷикистон хизмат мекунад. Ин ташаббусҳо ба рушди соҳаҳои технологӣ, таъсисиҷойҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳоииқтисодии байни кишварҳоямон мусоидатмекунанд.
Кӯшишҳои муштараки Русия ва Тоҷикистондар бунёди паркҳои технологии саноатӣ дурнамоинавро барои рушди технологӣ ва пешрафтииқтисодӣ, таҳкими шарикии стратегии ду кишварбоз мекунад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев