Ин як қадами муҳим барои худи ширкатва як имконияти беназир барои истеҳсолкунандагонва истеъмолкунандагони маҳаллӣ мебошад.
Моҳи октябри соли 2024 ширкати тиҷоратии интернетии Wildberries аз нақшаҳои худ оид ба ворид шудан ба бозори Тоҷикистон хабар дод. Дар Душанбе байни муассиси ин ширкат Татяна Ким ва раиси Палатаи савдо ва саноати ТоҷикистонҶамшед Ҷӯрахонзода ёддошти ҳамкорӣ ба тасвиб расид.
Татяна Ким қайд намуд, ки раванди воридшудан ба бозори Тоҷикистон ба таҷрибаи ин ширкат дар Ӯзбекистон шабеҳ хоҳад буд. Ин раванд мутобиқсозии барномаҳо ва сомонаро ба забонимаҳаллӣ, ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ва кор боистеҳсолкунандагони маҳаллиро дар бар мегирад. Ӯ таъкид намуд, ки бо вуҷуди ҷой доштани баъзе мушкилотҳои логистикӣ ва маъмурӣ берун аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ин ширкат саъйдорад, ҳарчӣ зудтар фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кунад.
Ин ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?
1. Дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ: Wildberriesнияти бо истеҳсолкунандагони тоҷик фаъолонаҳамкорӣ карданро дорад, инчунин кӯмак дар содироти маҳсулот ба Русия ва кишварҳое, киширкат дар он ҷо аллакай фаъолият мекунад.
2. Ҷойҳои нави корӣ: вуруди ин ширкати тиҷоратӣ ба бозори мо барои таъсис додани садҳоҷойҳои корӣ дар бахши логистика, таҳвил ва хизматрасонӣ мусоидат хоҳад кард.
3. Дастрасӣ ба мол: сокинони Тоҷикистон ба навъҳои гуногуни мол - аз либос то электроника, ботаҳвилкунии қулай то дари хона дастрасӣ пайдо мекунанд.
Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, Wildberries ниятдорад, на танҳо дастрасии истеъмолкунандагонитоҷик ба навъҳои гуногуни молро таъмин намояд, балки истеҳсолкунандагони маҳаллиро дар пешбурди маҳсулоташон ба бозорҳоибайналмилалӣ дастгирӣ кунад. Ширкат ният дорад содиркунандагони тоҷикро дастгирӣ кунад, ки ин дар навбати худ ба рушди тиҷорати электронӣ дар кишвар такон хоҳад бахшид.
Вуруди Wildberries ба бозори Тоҷикистон на танҳо имкониятҳои соҳибкорони маҳаллиро васеъмекунад, балки ба ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон тақвият мебахшад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев